Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми спартакиадаи мактаббачагон


Спартакиадаи мактаббачагони Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода тӯли панҷ рӯз идома кард, шоми чоршанбеи 17 май ба поён расид. Дар мусобиқот беш аз 1200 варзишгар дар ҳайати шаш дастаи мунтахаби вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва навоҳии минтақаи Рашт доир ба 11 риштаи варзиш рақобат карданд.

Дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе байни дастаҳо бо 57 медали тилло, 22 нуқра ва 20 биринҷӣ мақоми аввалро ишғол намуд. Дастаи мунтахаби вилояти Суғд бо 26 медали тилло, 34 нуқра ва 31 биринҷӣ дар ҷойи дуввум қарор гирифт. Дастаи мунтахаби вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ бо 10 медали тилло, 7 нуқра ва 35 биринҷӣ ҷойи севвумро соҳиб шуд.

Ғолибони мусобиқот дар маросими пӯшидашавии Спартакиадаи мактаббачагони Тоҷикистон, ки дар Кохи Ҷомии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо тӯҳфаҳо сарфароз гаштанд.
XS
SM
MD
LG