Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе тарҳи қонуни дин баррасӣ шудааст


Имрӯз, 15 май дар Душанбе дар як нишаст бо ҷалби намояндагони созмонҳои динӣ ва коршиносони байнамилалӣ тарҳи нави қонуни озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ, ки Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон омода кардааст, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Аммо ин тарҳи пешниҳодӣ боиси нигаронӣ ва норозигии қариб тамоми ташкилотҳои динии кишвар гардид. Ақаллиятҳои динии Тоҷикистон ин лоиҳаро поймолшавии ҳуқуқи пайравони худ арзёбӣ мекунанд, вале намояндагони дини ислом мегӯянд, лоиҳаи қонуни мазкур қабл аз ҳама бо мақсади маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳои исломӣ таҳия шудааст. Зайниддин Наботов, мудири бахши фиқҳи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мегӯяд, лоиҳаи қонуни озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ хилофи қонуни шариат аст ва ҳуқуқи мусалмононро нақз мекунад.

Ҳамзамон Георгий Акимов, раиси иттиҳоди созмонҳои масеҳию баптистии Тоҷикистон бо таъкид ба ин, ки бояд қонуни амалкунанда лағв нашавад, гуфт, қонуни мазкур бештар аз ҳуқуқи ақаллиятҳои динӣ ҳифз мекунад. Лоиҳаи нави қонун бошад, ба ақидаи Акимов, як идда монеаҳо дар роҳи рушди адёни ғайриисломӣ дар Тоҷикистонро эҷод хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои машваратии Созмон Амнияту Ҳамкории Аврупо оид ба озодии дин ё эътиқод лоиҳаи қонуни нави озодии виҷдон ва созмонҳои динии Тоҷикистонро нобарор хонда ва қариб тамоми бандҳои онро хилофи қавонини байналмилалӣ дарёфтааст. Томас Крапф, мушовири САҲА дар масоили дину эътиқод қариб 20 далели ихтилофи ин лоиҳа бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро номбар кард.

Ва аммо Муродуллоҳ Давлатов, раиси Кумитаи умури дини Тоҷикистон дар ин робита гуфт, ки лоиҳаи мазкур ҳанӯз мукаммал нест ва барои баррасӣ ба порлумони кишвар ирсол нашудааст. Оқои Давлатов аз созмонҳои динӣ ва байналмилалӣ даъват кард, ҷиҳати такмили қонун пешинҳодоти худро ироа кунанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе

Гузориши муфассал дар гӯшаи Ҳуқуқи Инсон
XS
SM
MD
LG