Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди кушташудаҳо дар марзи Қирғизистон ба се нафар расид


Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди кушташудаҳо аз тарафи марзбонони тоҷик дар қазияи шабонгаҳи имрӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба се нафар расид. Як марзбони тоҷик, ки дар натиҷаи даргирӣ бо гурӯҳи мусаллаҳи ношинос захм бардошта буд, дар нимаи дуввуми имрӯз даргузашт. Бо ин теъдоди кушташудаҳо дар ин ҳодиса аз тарафи марзбонони тоҷик ба се нафар расид. Ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи марзӣ дар ҳудуди деҳаи Лакони ноҳияи Исфара дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон соати дуи шаб рух дод. Гурӯҳи мусаллаҳи номаълум аз қаламрави Қирғизистон ба дидбонгоҳи марзии Тоҷикистон ҳуҷум карда ва аслиҳаи зиёдеро бо худ бурда буд.
XS
SM
MD
LG