Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ағбаи Анзоб барои ҳаракати нақлиёт боз шуд


RD

Гарданаи Анзоб,ки шимолу ҷануби Тоҷикистонро ба ҳам пайваст мекунад ва дар фасли зимистон бар асари бориши барф масдуд мешавад, барои ҳаракати васоили нақлия боз шудааст. Алии Мусавӣ раиси пружаи сохмтони тунели Анзоб ва намояндаи ширкати иронии «Собир байналмилал», гуфт ба манзури суръат бахшидан ба сохтмони тунели Анзоб ва қатъӣ кардани рафтуомади мошинҳо тавассути тунел, ки сохтмони он ба анҷом нарасидааст, бо мусоидати фаннии ин ширкат гарданаи Анзоб барои ҳаракати мошинҳо аз як рузи қабл боз шудааст: «Баъд аз ин ки тунели Анзоб боз шуд, мардум мехостанд, ки аз тунел бигзаранд, вале корҳои мо ҳанӯз дар бахши лойнинг идома дошт ва агарчанд вазифаи мо ҳам нест, мо тасмим гирифтем, ки бо ҳамкории вазорати роҳи Тоҷикистон гарданаро боз кунем ва ниру ва имконоти худамонро басиҷ кардем ва дар зарфи камтар аз бист рӯз гарданаро боз кардем. Ва феълан рафту омад шуруъ шудааст».
Боз шудани гардани Анзоб барои гардиши чархи иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти муҳиме дорад ва ин гардана ҳамасола маъмулан дар аввали моҳи июн боз мешуд. Бо кушода шудани ин гардана ҳаракати муназзами васоили нақлия таъмин мешавад ва интизор меравад, ки қимати бархе аз колоҳо дар бозорҳои маркази Тоҷикистон коҳиш пайдо кунад. Гарданаи Анзоб барои шаш моҳ дар сол баста мебошад, ки сатҳи иртибот ва гардиши мол ва тиҷоратро миёни шимоли аз назари санъатӣ нисбатан пешрафта ва ҷануби кишвар кам мекунад. Дар моҳи марти соли равон тунели Анзоб, ки аз солҳо сохтмони он идома дошт боз шуд, аммо сохтмони он куллан анҷом нашудааст. Дар сурати анҷоми ин сохтмон робитаи миёни шимолу ҷануб барои чор фасли сол барқарор мешавад. Мудири сохтмони Анзоб гуфт, ки дар рӯзи 15 июн тунели мазкур мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG