Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Амрико зиндониёнро шиканҷа мекунад?


Шафқати Раҷабиён

Созмони Милали Муттаҳид имрӯз нахустин санҷиши алании наҳваи иҷрои ҷанг алайҳи террурисм тавассути Амрико аз 11 сентябри соли 2001 то кунунро оғоз кард. Бад-ин манзур Кумитаи Созмони Милал дар умури шиканҷа мустақар дар Женев шуморе аз мақомоти омрикоиро дар бораи тайфи васеъе аз масоил, аз ҷумла бархӯрди Вошингтон бо зиндониён ва таърифи Амрико аз шиканҷа мавриди бозпурсӣ қарор медиҳад.

Даҳ узви ин кумисюн мехоҳанд бишнаванд, ки дарки мақомоти омрикоӣ аз "шиканҷа" чӣ ҳаст ва ин ки оё таърифи Амрико аз ин мафҳум бо мафҳуми "шиканҷа" дар Кунвонсиюни Созмони Милал алайҳи шиканҷа ҳамхонӣ дорад ё на. Ин кумисюн мепурсад, ки чаро вазорати додгустарии Амрико ду сол пеш шиканҷаро ба таври зоҳиран дақиқтаре нисбат ба Созмони Милал таъриф кард.

Кумисюн ҳамчунин мехоҳад дарёбад, ки дар паи ҷанҷоли бадрафторӣ бо зиндониён дар Ироқ тавассути нирӯҳои Амрико чи ислоҳоте дар ин замина сурат гирифта. Ҳамчунин пурсишҳое ҳам дар бораи иддаъоҳои мабнӣ бар мавҷудияти зиндонҳои махфии CIA ё Ожонси Иттилоъотии Марказии Амрико ва интиқоли мазнунон ба кишварҳои дигар барои шиканҷаи эҳтимолӣ матраҳ хоҳад шуд. Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ин ҷаласоти додрасӣ аз аҳамияти бисёре бархурдор аст:

Карла Ферстман, мудири созмони "Редресс", мустақар дар Ландан аст, ки алайҳи шиканҷа фаъолият мекунад. Вай мегӯяд:"Ман фикр мекунам, ин ҷаласот фурсати муносибест барои ҷомеъаи байнулмилалӣ, то коркарди Амрико дар бархе аз кишварҳоро, ки корзори, ба истилоҳ, алайҳи терруризм дар онҳо ҷараён дорад, баррасӣ кунанд. Раванди ин ҷаласот, ки пурсишҳое дар бораи ҷузъиёти фаъолиятҳои мақомоти Амрико ва сиёсатҳои онҳоро матраҳ мекунад, ба худии худ бисёр муҳим аст."

Давлати Амрико гурӯҳе мураккаб аз 25 мақомро ба ҷаласоти додрасии Женев фиристодааст. Ҷон Беллингер, мушовири ҳуқуқии Вазорати хориҷаи Амрико, ки дар раъси ин ҳайъат қарор дорад, гуфт, ки давлати Ҷурҷ Буш "комилан пойбанди таъаҳҳудоти миллӣ ва байнулмилалии худ дар мавриди решакании шиканҷа" аст.

Оқои Беллингер афзуд, ки дар воқеъ, "мавориди андаки шиканҷаи воқеъӣ"-и зиндониён иттифоқ уфтодааст. Вай рӯзи панҷшанбе иддаъоҳои мабнӣ бар парвозҳои маҳрамонаи Ожонси Иттилоъоти Марказии Амрико рад кард ва онро "пучу музахраф" номид. Аммо ҳамон рӯзи панҷшанбе Манфред Новак, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури шиканҷа гуфт, ки ба бовари вай Вошингтон воқеъан бархе аз афроди мазнун ба ҳамдастӣ дар аъмоли терруристиро дар боздоштгоҳҳои махфӣ ҳабс кардааст. Вай мегӯяд:

"Мо далоиле дар даст дорем, ки мабнӣ бар боздошти шуморе аз афрод тавассути маъмурони омрикоист, аммо касе намедонад, ки онҳо куҷо ҳастанд. Ин бад-он маъност, ки воқеъан боздоштгоҳҳои махфие вуҷуд доранд ва бо таваҷҷуҳ ба мавозини ҳуқуқи башар, ин афродро метавон қурбониёни ғайбат ё нопадидии иҷборӣ номид, ки яке аз сахттарин мавориди нақзи ҳуқуқи башар аст."

Кумитаи Созмони Милал дар умури шиканҷа дар авохири моҳи равон натоиҷи худро аз ҷаласоти додрасии ҷорӣ эълом хоҳад кард. Ин кумита салоҳияти муҷозоти давлатҳоро надорад, вале ба гуфтаи коршиносон, ҳар навъ тавсияи ин кумита метавонад кишварҳоро мавриди мадоқаву таҳқиқи ногуворе қарор диҳад.
XS
SM
MD
LG