Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамони маълули Тоҷикистон


Сӯҳроб Ҳамдамов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон дар соли 2006 байни варзишгарони маълул гардид. Вай дар рақобати ниҳоӣ бар Камол Баротов дар ду дидор бо натиҷаи 1,5 бар 0,5 пирӯзӣ ба даст овард. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни шатранҷбозони маълули кишвар, ки дар толори мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе баргузор шуд, 32 нафар ширкат карданд.

Устоди байналмилалӣ Сӯҳроб Ҳамдамови 39-сола дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Ба шоҳмот аз кӯдакӣ, аз синни ҳафтсолагӣ машғулам. Дастоварди аз ҳама бузурги ман дар риштаи шоҳмот даст ёфтан ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни шатранҷбозони хирачашм соли 1990 дар Испания мебошад. Дар айни ҳол дар мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе ба ҳайси мураббӣ ифои вазифа мекунам. »

Ва як хабар барои мухлисони футбол. Ду бозии даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар меҳмонӣ бар дастаи «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба кард. Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ аз тими CSKA-и Душанбе бо натиҷаи 0 бар 2 шикаст хӯрд. Ва бадин тартиб «Регар» ТадАЗ бо 9 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба ҷойи аввал баромад. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров низ нӯҳ имтиёз ба даст овардааст, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо дар мақоми дуввум қарор гирифтааст. Дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва CSKA-и Душанбе бо шашимтиёзӣ мутаносибан зинаҳои севвуму чаҳорумро ишғол мекунанд.
XS
SM
MD
LG