Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии гузориши Амрико дар кумитаи Созмони Милал


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи ҷумъа аз шеваи бархӯрдаш бо афроди хориҷии муттаҳам ба терроризм ҳимоят карда гуфтааст, "танҳо мавориди андаки бадрафторӣ" бо муттаҳамонро сабт намудааст.
Қарор аст, имрӯз гузориши солонаи Амрико дар робита ба иҷрои тааҳудоти ин кишвар дар роҳи манъ ва ҷилавгирӣ аз истифодаи шиканҷа дар Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал баррасӣ шавад.
Дар гузоришаш Амрико гуфтааст, ки дастгоҳи раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш ба тааҳудоти байналмилалии худ дар робита ба маҳви шиканҷа комилан пойбанд аст.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар гузашта чандин бор шеваи рафтори маъмурони интизомии Амрико бо бандиёни зиндони Гуантанаморо танқид кардаанд.
Гузориши муфассал инҷост
XS
SM
MD
LG