Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бедодгарии бегонаситезӣ дар Русия


Клейр Бигг

Гузориши тозаи созмони Авфи Байналмилал, ки "Бедодгарии бегонаситезӣ дар Русия" унвон дорад, мақомоти расмии Русияро ба он муттаҳам мекунад, ки ин навъи ҷиноят дар кишварро нодида мегиранд. Виктория Веб пажӯҳишгари созмони Авфи Байналмилал дар Русия мегӯяд, ин кишвар ба як стротежии муассир ва фарогири мубориза бо бегонаситезӣ ниёз дорад:

"Агарчӣ бархе аз мақомот, аз ҷумла раиси ҷумҳур Владимир Путин ин мавҷудияти ин мушкилро эътироф кардаанд, аммо ба эътиқоди мо мақомот барои расидагӣ ба ин мушкил иқдомоти муносиб рӯи даст нагирифтаанд. Мо аз мақомоти Русия мехоҳем, як барномаи иқдомот таҳия намоянд ва на танҳо ба мушкили ҳамлаҳо дар заминаи бегонаситезӣ, балки ба кулли мушкили бегонаситезӣ ва табъиз дар тамоми ҷомеаи Русия расидагӣ кунанд."

Шумораи ҳамлаҳои миллатгароён ба мардуми ғайрирус дар Русия тайи чанд соли ахир ба авҷи аъло расидааст ва бино ба гуфтаи Созмони Авфи Байналмилал дар натиҷаи ин ҳамлаҳо 28 нафар ҷони худро аз даст дода ва 366 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Аммо дар тайи солҳои ахир дар Русия на танҳо хориҷиён, балки аққалиятҳои миллии худи кишвар, аз ҷумла лӯлиён, қафқозиён ва ҷомеаҳои яҳудӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Танҳо дар чанд моҳи ахир Русия шоҳиди як силсила ҷиноятҳо дар заминаи нафрат ба миллатҳои ғайр шуд.

Моҳи январ як скинҳеди 20-солаи Русия Александр Копсев ба як канисои яҳудиён дар Москов ворид шуда, ҳафт нафарро бо корди шикориаш захмӣ кард. Моҳи феврал як табааи кишвари Малӣ дар Санкт Петербург кушта шуд, бистучоруми март як африқоитабори дигар дар ҳошияи ҳамин шаҳр мавриди латукӯб қарор гирифт ва як рӯз баъди ин ҳодиса ва дар ҳамин шаҳр духтараки дурагаеро ба рӯву гарданаш корд заданд.
Тибқи гузориши Авфи Байналмилал шумораи воқеии ҳамлаҳо бисёр болост, чаро ки бисёре аз қурбониён бинобар беэътимодӣ ба пулис муроҷиат намекунанд.

Авфи Байналмилал ҳамчунин додситонҳои Русияро интиқод кардааст, ки бисёре аз ҳамлаҳо дар заминаи бегонаситезиро авбошӣ қаламдод мекунад, ки ҷазои сабуке барои ин навъи ҷиноят муқаррар шудааст. Тавре ки ба гуфтаи Амнести Интернешнл дар қазияи куштори қазияи духтарбачаи нӯҳсолаи бегуноҳи тоҷик Хуршеда Султонов мушоҳида шуд. Моҳи март додгоҳи Русия ҳашт ноболиғ ва омилони куштори Хуршеда Султоноваро бо ҷурми авбошӣ маҳкум кард, ки ин ҳукмро ҳомиёни ҳуқуқи башар "фоҷиаи ахлоқӣ" хонданд.

Намояндаи Авфи Байналмилал Виктория Веб мегӯяд, ҳамчун узви Шӯрои Аврупо ва раҳбари имсолаи ҳашт кишвари санъатии ҷаҳон мавсум ба гурӯҳи Ҷи 8 Русия бояд бо мурооти тааҳудоти байналмилалии худ алайҳи бегонаситезӣ мавзеъи қотеъттаре бигирад:

"Русия бояд тааҳудоти байналмилалии худро иҷро кунад, махсусан вақте ки раҳбари гурӯҳи Ҷи 8 аст ва вақте ки раҳбарии кумитаи вазирони Шӯрои Аврупоро ба ӯҳда хоҳад дошт. Тамоми чашмҳо ба сӯи Русия духта шудаанд ва ин нобахшиданист, ки Русия бо истифода аз ин фурсат воқеан мубориза ба зидди бегонаситезир тақвият набахшад ва тааҳудоти худро иҷро накунад."

Авфи Байналмилал ба Русия тавсия додааст, дар тамоми сатҳҳо падидаи бегонаситезиро маҳкум намуда, ки бо созмонҳои мубориза ба зидди бегонаситезӣ ва коршиносон дар ин замина ҳамкорӣ намояд. Ин созмон ҳамчунин ҳушдор додааст, то Русия амнияти ҳомиёни ҳуқуқе, ки ба зидди бегонаситезӣ садо баланд мекунанд, таъмин намояд. Амнияти онҳоеро, ки бисёр вақт мавриди ҳамла қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG