Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Тоҷикистон аз Раҳматулло Зойиров далел металабад


Додситонии кулли Тоҷикистон аз Раҳматуллоҳ Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) даъват кард, ки изҳороти худро дар мавриди мавҷудияти наздик ба 1000 маҳбуси сиёсӣ дар кишвар шарҳ диҳад. Зойиров дастикам ду мартаба расман гуфтаааст, ки дар Тоҷикистон ин теъдод маҳбуси сиёсӣ вуҷуд дорад. Вай он вақт раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ноиби раиси ҳизби сабтиномнашудаи "Тараққиёт" Рустам Файзиев, собиқ вазири умури дохилӣ Ёқуб Салимов, журналист Ҷумъабой Толибов, узви ҲСДТ Файзинисо Воҳидова ва чанд нафари дигарро ном бурда буд. Дар охирин нишасти хабарияш Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов гуфта буд, ки Зойиров барои ин изҳорот ба додситонии кулли ҷумҳурӣ даъват хоҳад шуд ва агар изҳороти худро бо далелҳо исбот карда натавонад, мувофиқи қонунҳои кишвар ҷавоб хоҳад дод. Мақомоти Тоҷикистон мавҷудияти маҳбусони сиёсиро дар кишвар рад мекунанд, вале ҳуқуқшиносони мустақил мегӯянд, чунин маҳбусон вуҷуд дошта метавонанд, ҳарчанд бо иттиҳомоти иқтисодӣ, маъмурӣ ва ё ҷиноӣ зиндонӣ мешаванд. Онҳо мегӯянд, ҳақиқати масъала замоне ошкор мешавад, ки Тоҷикистон ба созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар имкони боздид аз маҳбасҳо ва гуфтугӯ бо зиндониёнро бидиҳад.
XS
SM
MD
LG