Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳ дар хатми парвандаи парваришгоҳи "Чорбоғ"


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳукми муттаҳамин дар оташсӯзии парваришгоҳи кӯдакони ноқисулақли Чорбоғи Душанберо содир ва 9 корманди ин парваришгоҳро ба мӯҳлатҳои аз 2 то 15 сол аз озодӣ маҳрум кард. Додвар Сафаралӣ Холматов эълом дошт, мудири парваришгоҳи Чорбоғ Саъдулло Ятимов, бо 7 моддаи Қонуни ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам ба 15 соли ҳабс маҳкум шудааст. Ҳамчунин, кордори парваришгоҳ Илҳом Ашӯров, мутахассиси Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Довар Муҳаммадиев дар сар задании ин фалокат айбдор дониста шуда, якумӣ ба 12 ва дуввумӣ ба 13 соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ онҳоро инчунин дар сирқати молӣ айбдор донист. Парасторони парваришгоҳи Чорбоғ, Ганҷина Мистақадамова ва Зарнигор Ҷамшедова ба мӯҳлати 5 сол зиндонӣ шуданд. Вале ба ақидаи Гадо Иброҳимов -- вакили мудофеи яке аз маҳкумшудагон ҳукми додгоҳро зиёдаравӣ шумурд. Вай мегӯяд, масалан, Довар Муҳаммадиев, мутахассиси Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон метавонист ҷарима шавад ва ҳамагӣ 5 сол ҳукм гирад. Дар ҳамин ҳол Солеҳа Юсуфова, модари Миралӣ Қувваталиев, устои барқи парваришгоҳи Чорбоғ, ки бо ҳукми додгоҳ ба 4 соли зиндон маҳкум шуд гуфт, сӯхтор шабе ба амал омад, ки писари ӯ навбатдор набуд ва дар курсҳои семоҳаи омӯзишӣ таҳсил мекард. Вай додгоҳро дар беэътиноӣ ба ҳақиқат айбдор кард. Оташсӯзӣ дар парваришгоҳи кӯдакони маълули Чорбоғ моҳи январи соли ҷорӣ сар зада, дар натиҷаи 13 кӯдак ба ҳалокат расид.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG