Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минрӯбони тоҷик дар Кобул омӯзиш мебинанд


МШ

Як гурӯҳи бистнафараи кормандони Маркази минрӯбии Точикистон як давраи омӯзишӣ бо сагҳои минёбро дар Кобул бо мусоидати барномаи рушди СММ шурӯъ кард. Ҷонмаҳмад Раҷабов, масьули Маркази миллии минрӯбии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳ тайи ду моҳ усули безарарсозии минаро бо ёрии сагҳо меомӯзанд. Абдусалоҳ Расулов, корманди Бунёди Швейтсария оид ба безарарсозии мина дар Тоҷикистон аҳамияти баргузории ин омӯзиш дар кишвари ҳамсояи Афгонистонро махсус таькид кард. Вай афзуд, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва гурӯҳҳои қочоқбар аз масоили умдаи муштараки ҳар ду кишвар ба шумор меояд. Ӯ мегӯяд, барномаи минрӯбие, ки дар Афғонистон амал мекунад, яке аз калонтарин барномаҳо дар дунё ба ҳисоб меравад. Аз сӯи дигар, муштаракоти забонӣ имкон медиҳад, минҷӯёни тоҷик бидуни тарҷумон дарс биёмӯзанд.
Маҳмуди Шодӣ
XS
SM
MD
LG