Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёриҳои Канада ба Тоҷикистон


Ҳукумати Канада ҷиҳати худдифоъии Тоҷикистон дар ҳолоти изтирорӣ барои татбиқи ду тарҳи муҳим ним миллион доллар тахсис додааст. Бино бар иттилоъи Барномаи рушди СММ, яке аз тарҳҳои мазкур имконоти Тоҷикистонро дар ҳолоти изтирорӣ тақвият дода робитаи амалии идороти марказӣ бо маҳаллиро наздиктар месозад. Тарҳи аввал аз чаҳор қисмат: 1) Таъсиси гурӯҳи вокуниши сареъ дар ҳолатҳои изтирорӣ, 2) Рушди имконоти ниҳодҳои маҳаллӣ ва марказӣ дар роҳи таҳлил ва роҳандозии амалиёти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, 3) Баргузории давраҳои омӯзишӣ барои огоҳии ақшори ҷомеа дар ҳолатҳои изтирорӣ, 4) Имконоти худдифоъии мардум дар сурати пеш омадани ҳолати фавқулодда иборат аст.
Тарҳи дуввум барои таҳкими имконоти худидорӣ дар шарқи Хатлон рӯи даст гирифта хоҳад шуд. Ҳадафи аслии ин тарҳ тақвияти низоми алоқа миёни ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва аҳолӣ мебошад. Маблағи тахсисшуда миёни ҳар ду тарҳ баробар тақсим шудааст.
XS
SM
MD
LG