Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон


Фармондеҳи қисми низомии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз кушта шудааст. Кушта шудани Зафар Одинаев, полковники 39-солаи нерӯҳои марзбонии кишварро Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ва навбатдори Вазораи умури дохилаи Тоҷикистон ба сомонаи интернетии радиои Озодӣ таъйид карданд. Хабар ҳокӣ аз он аст, ки аз рӯи яке аз тахминҳо афсари кушташуда ҳангоми шикор аз ҷониби рафиқи худ тасодуфан парронида шудааст. Мувофиқи хабар, гунаҳгори ин куштор боздошт, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтиш идома доштааст.
XS
SM
MD
LG