Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс мегӯяд, "бозиҳо"-и Эрон ба поён расид


Вазири корҳои хориҷии Амрико, Кондолиза Райс гуфт, "бозиҳо"-и Эрон пиромуни барномаи баҳсбарангези ҳастаӣ акнун ба поён мерасанд. Вай аз Эрон даъват кард, ғанисозии ураниумро қатъ кунад. Изҳороти ӯ соате баъди он садо дод, ки президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, то замоне ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаққи қонунии Эрон ба фанновариҳои ҳастаӣ эътироф накунад, ҳеҷ гуна гуфтушуниди Теҳрон бо ҷомеаи байнулмилал сурат нахоҳад гирифт. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, Ҳамиризои Осифӣ гуфт, агар парвандаи ҳастаии Эрон ба зери назорати Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳастаӣ бозгардонида шавад, Эрон бо Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳадди аксари ҳамкориро нишон хоҳад дод. Осифӣ ҳамчунин ҳушдор дод, ки ҳар амали қатъии Шӯрои амнияти СММ вокуниши ҳамвазни Эронро ба вуҷуд хоҳад овард, вале Осифӣ нагуфт, чи вокунишеро дар назар дорад. Эъломияҳои ахир дар ҳоле садо додаанд, ки Эрон гуфтааст, ба раванди ғанисозии ураниум идома хоҳад дод. Ва ишора кардааст, ки ба ҳама гуна бозрасии иншооти ҳастаии худ омода аст, агар парвандаро Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳастаӣ баррасӣ кунад. Иёлоти Муттаҳида ин пешниҳодро рад кард.
XS
SM
MD
LG