Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиори эътирозгарони қирғиз: "Нест бод фасод!"


Катлин Мур Дар бузургтарин намоишҳои эътирозӣ мухолифони давлати Қирғизистон ба сарони ин кишвар 12 талаб пеш гузоштанд ва мӯҳлат доданд, ки дар як моҳ хостаҳои онҳо ба иҷро расад.

Ҳазорон нафар аз эътирозгарон дар маркази Бишкек, пойтахти Қирғизистон гирдиҳам омаданд, то норозигии худро аз президенти кишвар Қурманбек Боқиев нишон диҳанд. Бо шиорҳои "Нест бод фасоду ришва!", "Марг бар дуздон" онҳо аз таъсири афзояндаи олами ҷиноӣ дар умури давлат ҳушдор доданд. Яке аз ташкилкунандагони раҳпаймоӣ Қувватбек Байболов ҳукуматро айбдор кард, ки ба интизориҳои мардум ҷавоб дода натавонист: "Нест бод порахӯру ришваситонҳо. Моро айбдор мекунанд, ки ба ҳукумат имкони кор намедиҳем ва як сол мӯҳлати кам аст, ки битавон вазъи мардумро беҳтар кард. Мефаҳмем, ки дар як сол мушкил аст, коре кард, вале метавон дар як сол умеди мардумро ба вуҷуд овард. Аммо ин ҳукумат умедҳои мардумро поймол мекунад."

Ин бузургтарин тазоҳурот дар силсилаи намоишҳои эътирозӣ дар Қирғизистон аст, ки баъд аз барканории президенти собиқи кишвар Аскар Оқоев мамлакатро такон медиҳанд. Онро Иттиҳоди нирӯҳои демократии Қирғизистон ташкил кардааст, ки аз эътилофи наздик ба 50 ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ иборат аст. Ҳамчунин собиқ ҳамсафони Боқиев ба ин майдон омаданд, онҳое ки ҳафтаи гузашта ба нишони эътироз аз афзоийши ҷинояткорӣ, ришват ва хешутаборбозӣ аз вазифаҳои худ истеъфо доданд. Таҳти ҳуштаккашиҳо президенти Қирғизистон Қурманбек Боқиев ба назди эътирозгарон баромад ва гуфт, вай барои тағйири авзоъ талош дорад ва онҳое ки ин талошҳоро намебинанд, кӯтоҳназарӣ мекунанд: "Мо, ман ҳамчун президент ва сарвазир Феликс Қулов, ҳароҳ бо ҳукумат барои миллат кор мекунем, барои шумо. Мо талош дорем, вазъи шуморо беҳтар кунем, ба бекорон кор диҳем ва ҳамаи мо як мақсад дорем, пешрафт шавад, сулҳ шавад. Умедворам ин намоиш сулҳомез поён ёбад. Ман ҳамеша бо шумоям. Сипос!"

Эътирозгарон 12 талаби худро ба раҳбарон супурданд ва ба онҳо як моҳ мӯҳлат доданд, то ин талабҳоро ба иҷро расонанд.
XS
SM
MD
LG