Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашрияҳои мустақили ғарқи мушкилот


Ҳафтавори мустақили «Суғд», чопи Хуҷанд дар соли шашуми фаъолият шурӯъ аз моҳи апрел ба гоҳнома мубаддал шуд. Замимаи ин нашрия барои ҷавонон бо номи «Суғдиён», ки аз ду соли қабл бо дастгирии молии Бунёди дастгирии демократия дар Амрико NED таъсис ёфта буд, аз нашр бозмонд.

Абдулмаҷиди Бобоҷониён - сардабири «Суғд» сабаби ин ҳолро ба гирифтории нашрия ба мушкилоти молӣ бастагӣ медиҳад. Ӯ меафзояд: «Мо ҳозир иқдоме пеш гирифтаем, ки дигар ба умеди дастгирии хориҷиён нашуда, бо идораи кор бо ҷавонони ҳукумати вилояти Суғд барои аз сар гирифтани чопи нашрияи ҷавонон ҳамкорӣ роҳандозӣ намоем. Мо дар ин бора шартнома бастаем.»

Аммо кормандони ҳафтавори «Вароруд» - дигар нашрияи мустақили Суғд ба ояндаи фаъолияти худ бо хушбинӣ назар мекунанд. «Вароруд» то ним сол пеш танҳо ба забони русӣ нашр мешуд. Акнун ними саҳифаҳои он ба забони тоҷикӣ аз чоп мебарояд.
Ҷӯра Юсуфӣ - муовини сардабири ҳафтавори «Вароруд» мегуяд, бо ин роҳ «Вароруд » тавонистааст теъдоди муштариёни худро афзоиш диҳад:

«Дар моҳи сентябри соли 2005, ки ҳафтаномаи мо фақат ба забони русӣ иборат аз 12 саҳифа ба чоп мерасид, 500 - 600 муштарӣ дошт. Акнун ки шумораи саҳифаи нашрия ба 16 расида, ними матолиби он ба тоҷикӣ аст, теъдоди харидоронамон то 1700 нафар боло рафт. Нашрия ба деҳот ва табақаҳои мухталифи ҷамъият роҳ ёфт. Мо тавонистем дар навоҳии Ашту Мастчоҳ, Исфараву Конибодом ва манотиқи Водии Зарафшон теъдоди хонандаҳои худро зиёд кунем.»

Вале ба гуфтаи Ҷӯра Юсуфӣ, барои афзудани теъдоди муштариён нашрияи «Вароруд» ба камтар аз арзиши аслии худ ба фурӯш гузошта шудааст.

Сардаби ҳафтавори «Тонг», яъне «Субҳ» - ягона нашрияи мустақили Суғд ба забони узбакӣ низ мегӯяд, аз ин усули аҷиб кор мегиранд. Нашри ҳафтавори «Тонг» соле пеш бо кӯмаки молӣ аз сӯи Бунёди дастгирии демократия дар Амрико оғоз шуда буд ва дар ин муддат бо теъдоди 500 нусха аз чоп мебарояд:

«Ҳар нусхаи ҳафтавори мо ба 67 дирам чоп мешавад, бе иловаи моҳонаи кормандон ва ҳаққи қалам ба муаллифон. Лекин ба 50 дирам мефурӯшем, зеро мардумамон нодор ва агар нархи нашрияамонро фаразан, 10 дирам зиёд кунем, мумкин аст шумораи зиёди харидорони худро аз даст диҳем.»

Се нашрияи мустақили сиёсиву иҷтимоии Суғд мушкилоти ягона доранд, аммо ҷустуҷӯи роҳҳои бурунрафт аз қайди душворӣ аз ҷониби онҳо ба тариқи гуногун сурат мегирад.

Бархе аз кормандони ин нашрияҳо бар ин назаранд, ки чопи матолиби сабук, аз қабили муноқишаҳои келину хушдоман ва қиссаҳои ишқи бебарори ҷавонон сафи муштариёни нашрияро зиёд мекунад. Аммо иддае бар онанд, теъдоди касоне, ки мутолиаи матолиби ҷиддиро меписанданд, низ кам нест, аммо на ҳама нашрияҳои мустақил чунин талаби хонандаҳоро қонеъ карда метавонад.
XS
SM
MD
LG