Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоли ногувори варзиши дӯстдоштаи тоҷикон


Наваду се фоизи замини Тоҷикистон кӯҳсор аст ва он замини зиёди ҳамвор надорад, ки майдонҳои васеъи футбол бисозед ва агар дар деҳоти кӯҳистон чунин майдон бошад, дар он зироат кишт мекунанд, на майдони футбол месозанд. Ин аст, андешаи як мухлиси бозии волейбол аз Тоҷикистон Фаррухи Саидасаншо:

"Дар Бадахшони мо замин кам аст, ба ҳамин хотир ёфтани майдон, масалан майдони футбол ин як проблема аст. Аммо барои волейбол албатта ҷой ёфт мешавад. Дар Бадахшони мо бештари мардум ба волейбол майл доранд ва дастаи вилояти мо ҳамеша дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, соҳиби ҷойи аввал мешавад. Деҳаҳое ҳастанд, ки ҷавонҳо худашон майдончаҳо месозанд ва волейбол бозӣ мекунанд."


Аммо ба гуфтаи Боб Кларк - раҳбари дафтари ташкили мусобиқоти Федератсияи Байналмилалии Волейбол хосиятҳои ин варзиши навъи олимпӣ яке аз сабабҳои дигари он аст, ки атфолу наврасон бештар ба волейбол машғул шаванд:

"Бисёре аз волидон дӯст медоранд, ки фарзандонашон волейбол бозӣ кунанд, чаро ки дар ин навъи варзиш миёни аъзои ду тими рақиб тамоси физикӣ вуҷуд надорад. Тавре медонед, дар футбол захмӣ шудани бозигарон бисёр мушоҳида мешавад. Ҳамчунин дар дигар навъи бозиҳо, ки аъзои дастаҳо аз наздик бо ҳам муқобила мекунанд. Ҳарчанд шумо дар волейбол тамоми ҷанбаҳои варзиши гурӯҳиро доред, аммо дар он миёни аъзои дастаҳои муқобил тамос сурат намегирад ва аз ин сабаб эҳтимоли захмӣ шудан ҳам кам аст. Аз ҳамин хотир бисёре аз волидон волейболбозиро барои фарзандони худ мувофиқтар мешуморанд."

Аммо бозии волейбол, ки на танҳо дар миёни мардуми кӯҳистони Бадахшон ва дигар манотиқи Тоҷикистон маҳбубият дорад, ба гуфтаи Рима Гайсина, сармураббии тими миллии бонувони волейболбози Тоҷикистон феълан дар ҳолест, ки онро метавон аспи ланг номид:

"Пеш аз ҳама мутахассисини варзида дар Тоҷикистон ниҳоят кам мондаанд. Ман феълан аз шогирдони худ на танҳо волейболбоз, балки ҳамчунин мураббӣ тарбия мекунам. Дигар ин ки ман раҳбари бахши тарбияи бадан дар яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон мебошам. Аз мактаб ба донишгоҳ муҳассилини комилан бе омодагӣ меоянд. Дар макотиби мо феълан дарси варзиш намехонанд. Дар ҳоле, ки дар гузашта ҳамеша волейболи Тоҷикистонро донишҷӯён рушд медоданд, ҳоло танҳо дар чанд донишгоҳ мусобиқоти волейбол сурат мегирад, тамом."

Гузашта аз ин ба гуфтаи дигар масъулони федератсияи волейболи Тоҷикистон мусобиқоти байни макотиби ноҳияҳои Тоҷикистон, ки дар гузашта бисёр роиҷ буд, ҳоло баргузор намегардад. Мусобиқаи ҷумҳуриявии волейболбозони Тоҷикистон танҳо чанд сол пеш эҳ ё шуд ва агарчӣ баргузор мешавад, вале бо теъдоди ками тимҳо ва чанд рӯз давом мекунаду тамом. Тимҳои вилояти Бадахшон ва пойтахт шаҳри Душанбе умдатан унвони қаҳрамони Тоҷикистонро соҳиб мешаванд.

Аммо Саидҷон Зубайдов вазири мухобироти Тоҷикистон, ки соли гузашта раиси Федератсияи волейболи ин кишвар интихоб шуд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки захмҳои ба истилоҳ аспи ланги волейбол дар Тоҷикистон ба тадриҷ шифо меёбад:

"Дар ҳақиқат волейбол дар Тоҷикистон ниҳоят қафо мондааст, валекин солҳои охир хоҳишмандон низ зиёд шуданд. Мо майли онро пайдо кардем, ки волейболро дар Тоҷикистон барқарор созем ва федератсияро ташкил кардем. Соли гузашта тими Тоҷикистон дар якчанд мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат кард ва ҳозир ҳаракат дорем, ки мусобиқаи байни донишкадаҳоро доир кунем ва ҷадвали расмии гузаронидани бозиҳоро таҳия намоем."

Саидҷон Зубайдов худ низ аз дӯстдорони бозии волейбол аст ва мегӯяд дар Тоҷикистон волейболбозони бомаҳорат бисёр зиёд аст ва танҳо бояд онҳоро ҷамъ оварду малакаашонро рушд дод. Пурқувватарин волейболбоздухтари тоҷик Наргис Ҳамидова, ки ӯ ҳам аз ноҳияи кӯҳистонии Тоҷикобод будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати ками волейболбозони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ имкон намедиҳад, то ки онҳо таҷрибаи кофӣ барои рақобат бо тимҳои хориҷиро пайдо кунанд, агарчӣ ҳунари онҳо аз дигарон низ кам нест.

Ӯ мегӯяд нахустин бор дар бозиҳои чоруми варзишгаргарони кишварҳои исломӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат кард ва тимҳои рақибро заифтар аз тими Тоҷикистон дарёфт:

"Аз бозингарони беҳтарин масалан бори аввал дар чунин мусобиқа иштирок кардам. Якумин бор тими миллии занонаи Тоҷикистон аз миёни 13 давлат ҷойи 5-умро гирифт. Ин якумин ширкати ман дар чунин мусобиқа буд."

Наргис Ҳамидова, ки дар зарбазанӣ миёни духтарон рақиби баробар надоштааст, ба мусобиқоти ҷумҳуриявӣ омодагӣ мегирад ва умедвор аст, ки ба зудӣ дар дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат карда, Тоҷикистонро ба зинаҳои баландтар мебарорад.

Дар арсаи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ волейболро ба шумули панҷ бозии маъруфтарин ворид мекунанд. Ин навъи варзиш дар зарфи даҳ соли гузашта шоҳиди рушди бесобиқа ва афзоиши мухлисону дустдоронаш шудааст.
Боб Кларк раҳбари идораи ташкили мусобиқоти Федератсияи Байналмилалии Волейбол:

"Мо дар саросари ҷаҳон ҳудудан 35 миллион нафар бозигари номнависшудаи воллейбол дорем, ки онҳо дар ҳар навъ мусобиқоти ширкат мекунанд. Агар дар маҷмӯҷ афродеро ба назар бигирем, ки барои тафреҳ ва хушҳолии худ волейбол бозӣ мекунанд, шумораи онҳо дар ҷаҳон ба беш аз 500 миллион нафар мерасад."

Боб Кларк ҳамчунин гуфт, Федератсияи Байналмилалии Волейбол бузургтарин федератсияи варзиш дар ҷаҳон аст ва 219 аъзо дорад. Тоҷикистон низ узви Федератсияи Байналмилалии Волейбол мебошад. Ин навъи варзиш соли 1895 дар Амрико офарида шудааст ва пеш аз волейбол ном гирифтанаш "минтонетте" хонда мешуд.

Волейболбозони Бразилия феълан аз пурқувваттарин волейболбозон дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд ва тими бонувон ва мардонаи ин кишвар қаҳрамони феълии ҷаҳон ҳастанд. Дар рейтинги федератсияи байналмилалии волейбол Бразилия дар зинаи аввал Итолиё дар зинаи дуввум ва Сербия-Монтенегро дар ҷойи саввум ҳастанд. Русияву Амрико мутаносибан дар зинаҳои чаҳоруму панҷум қарор доранд.

Дар Тоҷикистон шароити табии кишвар ба маҳбубият ёфтани волейбол дар байни мардум мусоидат кардааст.
Агарчӣ ду ҳамсояи Тоҷикистон Афғонистону Узбакистон дар ин рейтинг зинаҳоеро ишғол кардаанд, аммо Тоҷикистон дар он ҷойгир нашудааст. Дар лигаи ҷаҳонии волейбол, ки бозиҳояш дар саросари ҷаҳон тамошогари бисёр дорад, имсол дастаҳои 16 кишвар ширкат мекунанд. Қаблан дар он дувоздаҳ тим шомил буд. Тимҳои Амрикову Русия, Бразилия, Чину, Ҷопон, Булғористону Лаҳистон, Португалия Аргентина, Итолиёву Куриёи Ҷанубӣ ва Сербия-Монтенегро имсол дар лигаи ҷаҳонии волейбол шомил ҳастанд.

Тирамоҳи имсол дӯстдорони волейболро мусобиқоти зиёд интизор аст, аз ҷумла мусобиқаи ҷаҳонии қаҳрамонии волейбол дар Ҷопон. Аммо роҳи Тоҷикистон ба мусобиқаҳои ҷаҳонии волейбол шояд ҳоло дарозтар аст ё кӣ медонад кӯтоҳ, чаро ки варзиш ҳамеша чизест ғайриқобили пешбинӣ. Боб Кларк раҳбари дафтари ташкили мусобиқоти варзишии Федератсияи Байналмилалии Волейбол ба Радиои Озодӣ гуфт, созмони онҳо омода аст, дар кӯтоҳтар кардани ин роҳ ва рушди волейбол дар Тоҷикистон Федератсияи Волейболи ин кишвар кӯмак кунад. Хабаре, ки раҳбарони федератсияи волейболи Тоҷикистонро хушҳол кард.

Шоҳи навъҳои варзиш ва қиссаи талхи футболи тоҷик

Қарни тиллоии варзиш ва Тоҷикистон
XS
SM
MD
LG