Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбулаҷали Ирон поён меёбад


Қарор аст имрӯз гузориши Ожонси Байнулмилалии Энержии Ҳастаӣ дар бораи барномаи ҳастаии Ирон ба Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ироа шавад. Интизор меравад дар ин гузориш Теҳрон ба сарпечӣ аз тақозои Созмони Милал мабнӣ бар таълиқи фароварии урониюм муттаҳам шавад. Мақомоти Ирон мегӯянд, ки барномаи онҳо сирфан барои тавлиди нирӯи ҳастаии сулҳомез пиёда шудааст. Аммо Иёлоти Муттаҳидаи Омрико занни онро дорад, ки Ирон дар ҳоли таҳияи як ҷангафзори ҳастаист. Кондолиза Райс, вазири хориҷаи Омрико гуфтааст, ки Шӯрои Амнияти СММ барои ҳифзи эътибори худ бояд дар мавриди барномаи ҳастаии Ирон "даст ба кор" шавад. Бону Райс ин изҳоротро дар ҳошияи нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ NATO дар шаҳри Суфия, пойтахти Булғористон, баён кард. Зарбулъаҷали Шӯрои Амният барои таълиқи фаъъолиятҳои ғанисозии урониюми Ирон имрӯз, 28 апрел ба сар мерасад. Аммо Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳурии Ирон, дирӯз гуфт, ки Теҳрон ба ин зарбулъаҷал тан дар нахоҳад дод. Русия ва Чин низ, ки аз аъзои доими Шӯрои Амнияти СММ ҳастанд, дирӯз бори дигар хостори ҳалли диплумотики буҳрони ҳастаии Ирон шуданд. Яаап Де Ҳоп Схеффер, дабири кулли Паймони Отлонтики Шимолӣ дирӯз аз сарпечии Ирон аз таълиқи фаъъолиятҳои ғанисозии урониюми худ изҳори нигаронӣ кард. Пеш аз оғози нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви ин паймон дар шаҳри Суфия оқои Де Ҳоп Схеффер гуфт, Урупову Омрико талош мекунанд аз таҳҳавулоте дар Ирон ҷилавгирӣ кунанд, ки ба гуфтаи вай, на Паймони Отлонтики Шимолӣ ва на худи ӯ хоҳони диданаш ҳастанд.
XS
SM
MD
LG