Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии тоҷикон дар Узбакистон


Тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи таеквон-до ITF дар нахустин мусобиқоти кушодаи қаҳрамонии Узбакистон дар шаҳри Чирчиқ 28 медал ба даст овард.Бино ба иттилоъи Мирсаид Яҳёев,раиси Федератсиони таеквон-до-и Тоҷикистон дар ин мусобиқот дастаҳои мунтахаби Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Қароқалпоқистон ширкат доштанд. Минҷумла, дар рақобатҳои инфиродӣ миёни мардон Дилшод Сайфиддинов дар вазни то 63 кило, бародари ӯ Далер Сайфиддинов дар вазни то 71 кило, Далер Тӯраев дар вазни беш аз 80 кило, Нигора Ҳамидова дар вазни то 58 кило байни духтарон ва Фирдавс Холиқов дар вазни то 45 кило миёни наврасон мақоми аввалро касб карда, ба дарёфти медалҳои тиллои мусобиқот муваффақ шуданд. Далер Тӯраев, қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон ва Осиё ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мусобиқоти қаҳрамонии Узбакистон мо ва шогирдонамон дар рақобатҳо бо зӯртарин варзишгарони кишварҳои минтақа таҷоруби хуб касб намудем.
Ба ин тартиб дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 7 медали тилло, 9 нишони нуқра ва 12 медали биринҷӣ пас аз тими мизбон Узбакистон, ки ҳамагӣ 38 медал - 9 тилло, 9 нуқра ва 20 медали биринҷӣ ба даст овардааст, дар мақоми дуввум қарор гирифт.
Ва як хабар барои мухлисони футбол. Дар даври дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар меҳмонӣ бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 3 бар 1, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа ва «Ориёно»-и Душанбе бар «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ бо натиҷаи якхелаи 1 бар 0 пирӯз шуданд. Бозии «Динамо»-и Душанбе бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 хотима ёфт. Ба ин тартиб дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров баъди ду даври бозиҳо дар ҷадвали мусобиқот бо шаш имтиёз садрнишин аст.
XS
SM
MD
LG