Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯшгоҳҳои холии CD ва DVD дар Душанбе


Полиси андози Тоҷикистон ҳангоми як амалиёт дар Душанбе беш аз 48 000 CD va DVD-ро мусодира карда, барои ташхиси мӯҳтаво ва кайфияти ин мавод онҳоро ба ташхисгоҳ фиристод. Қурбон Абдуназаров - муовини раҳбари саридораи полиси андози Тоҷикистон мегӯяд, аксари молҳои мусодирашуда тақалуббию қочоқӣ ва пастсифатанд ва фурӯшандаҳо ба ғайр аз иҷозатномаи фурӯши чунин намуди мол дигар ҳуҷҷатҳоро пешниҳод карда наметавонанд.

Қурбон Абдуназаров меафзояд, зимни ташхис дар баробари мушаххас шудани тавлдигоҳи ин мол инчунин ба муҳтавои он ҳам таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, ки муғойир бо қонунҳои кишвар набошанд: «Пеши роҳи воридоти филмҳои дорои хусусияти зуроварӣ ба монанди куштор ва дигар филмҳое, ки ба тарбияи насли наврас халал ворид мекунанд бояд гирифта шавад.»

Мо аз якчанд мағозаҳои фуруши CD va DVD дидан кардем ва аммо масъулини онҳо, ки ҳамагӣ дар пайи ҷустуҷуйи роҳҳали мушкилашон буданд аз тарси халал ворид шудан ба кор аз сӯҳбат худдорӣ карданд.

Аммо ба назари бархе аз онҳое, ки аз ин амалиёти полис ва гузоришҳои онҳо мушоҳида мекунанд, чунин иқдом дар роҳи ҷилавгирӣ аз нашру фурӯши моли қочоқӣ кори камеро анҷом медиҳанд. Ҷомеашинос Нуралӣ Давлатов мегӯяд, азбаски фурӯши моли камарзиши қочоқӣ ба соҳибаш фоидаи зиёд меорад, қочоқчиён бо роҳҳои мухталиф баъди гузашти фурсате фаъолияти худро идома хоҳанд дод:

«Бояд шахсони масъуле бошад, ки ҷиддан мубориза барад. Аммо дар шароити Тоҷикистон ин кор бисёр осон ҳал мешавад. Ҳарчанд мубориза шурӯъ шуда бошад ҳам, метавонанд бар ивази пул худро озод кунанд.»

Як соҳибкор дар сӯҳбат сабабҳои ба қонуншиканӣ роҳ додани баъзе ҳамкоронашро дар пардохтани маблағҳои зиёди андозу боҷҳои гуногуни давлатӣ арзёбӣ кард. Соҳибкор мегӯяд, агар ӯ 100 сомонӣ даромад бинад, маҷбур аст, ки беш аз 65 сомониашро ба давлат супурда, аз маблағи боқимонда пули иҷора, барқ, маоши кормандон ва хароҷоти дигарро ҳисоб кунад.

Ин соҳибкор гуфт, дар шароити феълӣ сокинони Тоҷикистон аз назари иқтисодӣ омода нестанд, ки молҳои аслӣ яъне моли ширкатҳои расмиро харидорӣ кунанд.

Ҳанӯз чанд соли пеш CD va DVD танҳо насиби як шахси сарватманд мегардид. Зеро лавҳҳои фишурдаи аслӣ аз 5 то 15 доллар, баробар ба 15 то 45 сомонӣ арзиш доштанд. Ҳамакнун баъди афзоиш ёфтани ба истилоҳ корхонаву студияҳои тавлиди моли тақаллубӣ арзиши як консерти овозхонони миллӣ аз 3 сомон ё 1 доллар ва як филми хориҷӣ аз 10 сомонӣ ё 3 доллар гардидааст.

Аз як идда ҷавонони пойтахт пурсидам, ки онҳо ба харидани чӣ гуна мол тарҷеҳ медиҳанд - тақаллубӣ ё аслӣ ва чаро?

"-Аксари молҳое, ки мо мехарем, сифати хуб надоранд, аммо арзон ҳастанд."
"Ман 15 лавҳаи фишурда дорам аз он 10-тоаш қалбакӣ аст. Албата сифати моли қалбакӣ бад аст, аммо дастрас ҳастанд."


Аммо Моҳира омӯзгори колеҷҷи тиббӣ мегӯяд, ҳалли ин мушкил танҳо ба баланд шудани сатҳи зиндагии мардум вобаста аст:
«Ҳама гап дар сари пул аст, то сатҳи зиндагии одамон хуб нашавад, ин мушкил ҳал намешавад. Албатта пул бошад, ҳама мехоҳад, моли хуб ва беҳиммат харад»


Манижа Давлатова, овозхони шинохтаи тоҷик, моҳе пеш тавассути нашрияҳои маҳаллӣ аз мухлисони худ дар Тоҷикистон хоста буд, аз харидани нусхаи тақаллубии CD-и консерти худ, ки дар Кобул сабт шуда буд, худдорӣ варзанд. Ин CD-ро бо кайфияти паст ва бо арзиши 3 сомонӣ мефурӯхтанд.

Аммо тавре коршиносони мустақил мегӯянд, дар аксар ҳолатҳо дар ҷараёни чунин амалиёт ходимони полис даст ба ришва мезананд ва ё баъзан дар бизнеси қочоқу фурӯши моли тақаллубӣ ҳамшарик ҳастанд. Аз ин рӯ, рафъи ин мушкил боз ҳам сахттар ва ё ба забони дигар гӯем, ғайримумкин мегардад.

Аммо дар ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳон вазъ аз ин назар чӣ гуна аст. Ҳафтаи гузашта дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳурии Чин ба Амрико дар миёни масоили сиёсиву иқтисодӣ ҷонибҳо мебоист роҷеъ ба мушкили нашр ва фурӯши фаровардаҳои тақаллубӣ - сидиву фитаҳо, дивидиву комюптерҳо сӯҳбат мекарданд, ки дар қаламрави Чин бо теъдоди хеле зиёд нашр мешаванд ва баъдан ба иқтисоди Амрико низ дар ҳаҷ ми миллиардҳо доллар хисорот ворид мекунанд. Иттилои расмӣ мегӯяд, ки 90 дар сади моле, ки дар Чин тавлид мешавад, тақаллубӣ аст. Чин мегӯяд, ки дар роҳи ҳимояи ҳуқуқи муаллиф иқдомҳоеро рӯи даст дорад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор додааст, ки дар сурати ғайр, ба созмони ҷаҳонии тиҷорат муроҷиат намуда, тақозоти онро мекунад, ки алайҳи Чин чораҳои шадидтарро андешад.

Иван Зеленка, оҳангсози чех ва корманди масъули бойгонии мусиқии Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага мегӯяд, риояи ҳаққи муаллиф ва ё ба забони дигар, манъи фурӯши моли қочоқиву тақаллубӣ бештар ба фоидаи ширкатҳои тавлидкунандаи СD, DVD, наворҳои видеоӣ ва дигар фаровардаҳо мебошад. Ин ширкатҳо бо иллати паҳншавии моли дасти ду миллиардҳо долларро аз даст медиҳанд ва аз ин хотир, муборизаро алайҳи гардиши ғайриқонунии чунин амвол шадидтар мекунанд.

Оқои Зеленка, ки таблиғгари шунидани сидиҳои касбиву моли ширкатҳои расмӣ мебошад, дар ин замина ба барномаи Ояндасоз чунин гуфт:

"Ҳар мусиқиву ҳар оҳанг моли оҳангсоз аст. Ҳар шеър моли шоир аст. Ва ширкатҳои истеҳсолкунандаи CD ва DVD ҳам муаллифи моли тавлидшудаи худ ҳастанд. Мувофиқи қонунҳои байналмилалӣ, ҳар инсон ҳақ дорад, барои истифодаи хусусии худ як навор ё синамо ва ё оҳангро нусхабардорӣ кунад. Аммо ӯ ба ҳеҷ сурат ҳақ надорад, онро ба фурӯш монад. Ин муқобили қонуни ҳақи муаллиф аст ва ҳар кӯшише барои ба фурӯш гузоштани моли тақаллубӣ бегуфтугӯ қонуни ҳақи муаллифро поймол мекунад."

Оқои Зеленка мегӯяд, ба кишварҳои Аврупову Ғарб ҳам баъзан моли тақаллубии баъзе студияҳои ғайрирасмӣ ворид мешаванд ва ғолибан аз кишварҳои шарқӣ, мегӯяд ӯ - аз Русия, ё Чин. Аммо дар айни замон, дар Аврупову Ғарб роҳҳои ҷилавгирӣ аз гардиши чунин мол хеле шадид ҳастанд ва муттаҳамон ба пардохти ҷаримаҳои хеле калонҳаҷм маҷбур мешаванд. Ӯ афзуд, ин як масъалаи ахлоқӣ аст:

"Ҳар инсоне, ки худро мешиносад, бояд дар худ фарҳанги эҳтиром ба моли муаллифро тарбия кунад. Ӯ мегӯяд, ҳар тине, ки шумо ба фурӯшгари моли тақаллубӣ медиҳед, баробар бо кӯмак ба як ғоратгар аст, яъне шумо ҳам дар ҷинояти ӯ шарик мешавед."
XS
SM
MD
LG