Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Душанбе


Нишасти дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ 26 апрел дар шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста баргузор гардид. Гуфта мешавад, дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ масоили ношӣ аз таҳдидҳои муштараки амниятӣ дар минтақа, аз ҷумла, мубориза бо ифротгароӣ, қочоқу интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткории созмонёфтаро баҳсу баррасӣ намуданд.
Мутобиқи маълумоти дарёфтӣ, Игор Иванов, дабири Шӯрои амнияти Русия вуҷуди ин ҳама мушкилотро ба авомили берунӣ ва авзоъи Ховари Миёна, ҳамчунин барномаи ҳастаии Эрон ва бесуботии Афғонистону Ироқ марбут донистааст. Ба гуфтаи оқои Иванов, мушкилоти феълии амниятии пешорӯи кишварҳои узви Созмони паймони амниятӣ ҷанбаи фаромарзӣ касб намудааст ва муқобила бо он ба навбаи худ иқдоми ҳамоҳангу муштаракро тақозо менамояд.
Паймони амнияти дастаҷамъӣ чун созмони сиёсиву низомӣ аз соли 1992 фаъол аст. Дар нишасти дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви паймон дар Душанбе намояндагони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат намуданд. Ҳамчунин, дар ин нишаст ҷониби Узбакистон ба ҳайси кишвари нозир иштирок намудааст. Дар маҷмӯъ, шаш кишвар ба шумули Арманистон, Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Русия ва Қирғизистон дар ҳоли ҳозир, узви ин созмон маҳсуб меёбанд.
XS
SM
MD
LG