Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Навори тасвирии Зарқовӣ ҳақиқӣ ба назар мерасад"


Мақомоти амниятии Омрико мегӯянд, ки навори видеуии Абумусъаб аз-Зарқовӣ, яке аз раҳбарони шабакаи "Ал-қоъида", ҳақиқӣ ба назар мерасад. Дар ин навори видеуӣ, ки дирӯз дар шабакаи ҷаҳонии Интернет мунташир шуд, оқои Зарқовӣ давлати навпои Ироқро ба унвони як арӯсак (лухтак)-и омрикоӣ тақбеҳ кард. Вай, ки умдатарин марди таҳти таъқиби Омрико дар Ироқ маҳсуб мешавад, аз ҳамалоти терруристии бештар ҳушдор дод ва гуфт: "Он чи дар роҳ аст, дардноктар хоҳад буд". Ин навори видеуӣ ду рӯз пас аз пахши навори савтии Усома бин Лодин ва як рӯз пас аз инфиҷорҳои сегонаи маргбор дар Миср мунташир шуд. Навори видеуии Абумусъаб аз-Зарқовӣ барои нахустин бор дар Ироқ замоне пахш шуд, ки Ҷаводи Маликӣ, кафили нахуствазирии Ироқ дар сафҳаи телевизюни давлатӣ зоҳир шуд ва дар як мусоҳибаи забтшуда гуфт, ки дар ҳоли музокира бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсист, то як давлати ваҳдати миллӣ созмон диҳад. Оқои Маликӣ мегӯяд, ки нокомӣ дар ростои халъи силоҳ ва пароканда кардани гурӯҳҳои шибҳинизомӣ Ироқро бо ҷанги дохилӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG