Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

К. Райс хостори танбеҳи Ирон шуд


Кондолиза Райс, вазири хориҷаи Омрико, гуфтааст, ки дар сурати анҷом надодани иқдоме сахтгирона алайҳи Ирон ба хотири барномаи ҳастаии он кишвар, эътибори Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид зери суол хоҳад рафт. Бону Райс ин суханонро дар шаҳри Шаннони Ирланд ирод кард. Вай сари роҳи дидорҳои диплумотикаш дар Юнон, Туркия ва Булғористон вориди Ирланд шудааст. Ин дар ҳолест, ки то поёни зарбулъаҷали Шӯрои Амният дар мавриди таълиқи фаъъолиятҳои ҳастаии Ирон танҳо 3 рӯзи дигар боқӣ мондааст. Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳурии Ирон ишора кардааст, ки мумкин аст Ирон Паймони манъи густариши ҷангафзорҳои ҳастаиро тарк кунад.
XS
SM
MD
LG