Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози ҳамоиши иқтисодии Тоҷикистону Олмон


Рӯзи душанбе, 24 апрел дар шаҳри Берлин - пойтахти Олмон форуми иқтисодии «Тоҷикистон - Олмон» шурӯъ мешавад ва он то 27 апрел идома хоҳад кард. Дар форум масоили марбут ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории миёни ин ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Тоҷикистонро дар форум ҳайъати ҳукуматӣ зери сарварии Оқил Оқилов, сарвазири кишвар ва бо шумули Ҳаким Солиев, вазири иқтисод ва савдо, Саймӯъмин Ятимов, муовини вазири умури хориҷӣ, Шералӣ Сафаров, муовини вазири молия ва гурӯҳи соҳибкорони кишвар намояндагӣ мекунанд. Мувофиқи омори расмӣ, ҳаҷми мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Олмон дар се моҳи имсол беш аз се миллион долларро ташкил додааст ва ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 32 дар сад кам будааст. Дар се моҳи аввали соли 2006 аз Тоҷикистон ба Олмон ба маблағи тақрибан 150 ҳазор доллар мол содир шудааст ва аммо ҳаҷми моли воридшуда аз Олмон ба Тоҷикистон дар ҳамин се моҳ қариб се миллион долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG