Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, музокироти ҳастаияш бо Русия идома дорад


Алиасғар Султония, сафири Эрон дар ожонсии байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ имрӯз гуфт, Теҳрон музокироташ бо Русия дар мавриди таъсиси корхонаи муштараки ғанисозии ураниумро идома медиҳад. Аз оқои Султония нақли қавл шуда, ки Эрону Русия дар мавриди ин пешниҳод тавофуқи аввалияро ҳосил кардаанд, вале ҷузъиёте боқӣ монда, ки бояд ҳаллуфасл шавад. Алиасғари Султония, ки сафаре ба Маскав доштааст, аммо нагуфт, ки оё таъсиси корхонаи муштарак дар қаламрави Русия алтернатива ба ғансозии ураниум дар дохили Эрон ҳаст ё хайр.

ША СММ аз Эрон даъват кардааст, ки фаъолиятҳои ғанисозии ураниумашро қатъ кунад. Аммо Теҳрон ин тақозоро радд мекунад. Эрон ҳамчунин иддаои Амрико ва бархе кишварҳои аврупоиро, ки мегӯянд, ҳадафи Теҳрон аз барномаҳои ҳастаияш даст ёфтан ба тавлиди силоҳҳои ҳастаист, радд карда. Давлати Русия мегӯяд, дар ҳоли ҳозир мухолифи ҷорӣ кардани таҳримот бар зидди Эрон аст.

Фиристодаи Эрон дар созмони назорати ҳастаӣ Алиасғари Султония ҳамчунин гуфтааст, ки Эрон то 6 моҳи дигар ҷиҳати бунёди ду корхонаи нави ҳастаӣ, бар изофаи он яке, ки Русия дар Бушеҳр месозад, озмун эълон хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG