Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори тасаллият ба хонаводаи сарбози фаронсавӣ


Раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва вазири умури хориҷаи Белжик Карел Де Гухт ба хонаводаи коршиноси фаронсавӣ, ки ҳангоми барчидани мина дар Тоҷикистон ҳалок шуд, изҳори тассалият кард.
Ҷил Саразин рӯзи 19 апрел ҳангоми хунсо кардани минае дар як минтақаи ҳаммарз бо Афғонистони Тоҷикистон, ҷароҳатҳои вазнин бардошта ва сипас ҷон дод. Ҳамкори тоҷики ӯ Аъзам Асроров дар ин ҳодиса захмӣ шуд.
Ҷил Саразин таввасути Созмони Шветсиягии барчидани минаҳо ба Тоҷикистон эъзом шуда буд ва раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳам ба хонаводаи сарбози фаронсавӣ ва ҳам ба ташкилоти шветсиягӣ изҳори ҳамдардӣ кардааст. Аммо гуфтааст, Карел Де Гухт бо вуҷуди ин ҳодисаи таасуфбор ҷонибдори идомаи барчидани минаҳо дар Тоҷикистон аст. Сар аз соли 1992 то соли 2005 дар қаламрави Тоҷикистон ва марзҳои он қариб 500 нафар бар асари таркиши минаҳо ҷон додаанд ва ё маҷрӯҳу маъюб шудаанд.
XS
SM
MD
LG