Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд дар тенниси рӯи миз ҳамаро бурд


Мусобиқоти қаҳрамонии тенниси рӯи мизи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаҳои мардонаю занонаи вилояти Суғд ба анҷом расид. Бино ба иттилоъи Рустам Холиқов, раиси Федератсиони тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ин мусобиқот бо ширкати ҳудуди 100 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшони Кӯҳӣ, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳисор дар толори варзишии Донишгоҳи техникии пойтахти кишвар тӯли чаҳор рӯз идома кард.

Дастаи аввали вилояти Суғд ҳам дар сабқати занон ва ҳам дар сабқати мардон ғолиб омад. Дастаи дуввуми ин вилоят дар сабқати занон ва дастаи вилояти Хатлон дар сабқати мардон мақоми дуввумро ишғол карданд. Дастаи ноҳияи Ҳисор ҳам миёни тимҳои занона ва ҳам миёни тимҳои мардона дар мақоми севвум қарор гирифт.

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни занон Зулфия Саидолимова, аз шаҳри Хуҷанд ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуд. Ҳамшаҳрии вай Мақсуда Яҳёева бо медали нуқра ва Сумояи Амирӣ, аз шаҳри Кӯлоб бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд. Афзал Маҳмудови хуҷандӣ дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон пирӯз шуд. Инъом Саидови кӯлобӣ мақоми дуввум ва Акбарбек Яҳёеви хуҷандӣ мақоми севвумро касб карданд. Рақобатҳои ҷуфти мардона бо ғалабаи Хуршед Солеҳбоев, аз Хуҷанд ва Сироҷ Исмоилов, аз Кӯлоб хотима ёфт. Дар рақобатҳои ҷуфти занона теннисбозони Хуҷанд Зебо Шарифова ва Мақсуда Яҳёева медалҳои тиллои мусобиқотро ба даст оварданд. Дар рақобатҳои ҷуфти омехта Афзал Маҳмудов ва Азиза Қориева, ҳарду аз Хуҷанд соҳиби унвони қаҳрамонӣ шуданд.

Ба гуфтаи Рустам Холиқов ҳашт нафар беҳтарин теннисбозони ҷавони тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии минтақавӣ, ки 25 апрел дар Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз мешавад, ширкат хоҳанд кард. Дар ин мусобиқот ба ҷузъ дастаҳои Тоҷикистону Эрон, тимҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон иштирок карда, барои дарёфти ду роҳхат ба давраи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон, ки моҳи июл дар Ҷопон баргузор мешавад, мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG