Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яхпора дар бораи тағйири иқлим иттилоъ медиҳад


Пажӯҳишгарони Антарктика аз умқи 3 километр пораи яхи миллионсоларо хориҷ намуда, бовар доранд, ки дар ҷараёни таҳқиқи он маълумоти дақиқе дар мавриди тағйири иқлим пайдо мекунанд.
Рӯзи сешанбеи 18 апрел дар шаҳри Токио ин пораи ях намоиш дода шуд ва пажӯҳишгарон изҳор намуданд, ки унсурҳои хурдтарине, ки дар умқи яхпора вуҷуд доранд, дар бораи тағйири иқлим дар тӯли як миллион соли гузашта иттилоъ дода, имкон медиҳад, ки тағйири иқлим дар оянда пешгӯӣ шавад.
Ҳидеаке Мотояма раҳбари барномаи омӯзиши яхпораҳои қадимӣ дар Маркази Миллии Пажӯҳишҳои қутбии Япония ва ё Ҷопон мегӯяд: "ҳастаи ях аз барфе иборат аст, ки дар гузаштаи дур боридааст". Мотояма дар озмоишгоҳи хос пораи яхро боз намуда, ба таҳқиқи мӯҳтавои он мепардозад. Ҳарорати ҳаво дар ин озмоишгоҳ ба 20 дараҷаи манфии ченаки Селсий мусовӣ мебошад. Маълумоти дақиқ дар бораи миқдори гази карбонат дар ҳамон давра фақат дар дохили ҳастаи ях мавҷуд аст.
Пажӯҳишгарон ду сол қабатҳои пиряхҳои Антарктидаро парма карда, дар моҳи январ пораи яхи миллионсоларо хориҷ намуданд.
Ҳайъати пажӯҳишгарони японӣ умед дорад, ки дар дохили яхпора иттилое дар бораи рушди организмҳои хурдтарин низ пайдо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG