Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси муттаҳамон ба куштори генерали тоҷик


Ду шаҳрванди Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Қубодиён бо иттиҳоми куштори генерал Ҳакимшоҳ Ҳафизов, ки раёсати Донишкадаи низомии ҷумҳуриро бар дӯш дошт, аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт шудаанд. Бобоҷон Бобохонов, Додситони кулли Тоҷикистон дар як нишасти матботӣ дар Душанбе гуфт, ин ду нафар аз соли 1997 бад ин тараф дар Узбакистон ба сар мебурдаанд. Ва бино бар гуфтаи вай, аз онҳо таппончае, ки бо он генерал Ҳафизов ба қатл расидааст, дарёфт ва мусодира шуд. Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, боздоштшудаҳо аз ҷумлаи ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиев, полковники ошӯбгар будаанд. Яке аз онҳо дар соли 2000 аз тарафи додгоҳи шаҳри Тирмизи Узбакистон бо ҷурми қочоқи ҳероин ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд, вале дар ин байн ӯ 16 бор марзи Тоҷикистону Узбакистонро убур намуда кӯшиши сӯиқасд ба ҷони генерал Ҳафизов карда будааст. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, дар соли 1997 ба унвони мақомоти Узбакистон нома ирсол дошта масъалаи истирдоди Маҳмуд Худойбердиевро дархост кардааст, аммо то кунун аз ҷониби Тошканд ба ин дархост посухе дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG