Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои армрестлинги Душанбе


Дар рақобатҳо миёни мардон мувофиқи вазни худ Нозим Дареғӣ (то 55 кг), Юрий Алминов (то 60 кг), Бахтиёр Азизов (то 65 кг), Сироҷ Азизов (то 70 кг), Фахриддин Турдиев (то 75 кг), Мансур Расулов (то 80 кг), Григорий Кайтуков (то 90 кг), Фирӯз Бурҳонов (то 110 кг) ва Александр Ғоибов ( без аз 110 кг) мақоми аввалро касб карданд.

Дар сабқати занон Зарина Мерганова (то 55 кг), Фирӯза Назриева (то 60 кг), Гуландом Халилова (то 65 кг), Моҳира Шамсиддинова (то 70 кг), Раъно Бӯриева (то 80 кг) ва Шаҳло Саркорова (беш аз 80 кг) дар вазни худ пирӯз шуданд.

Нодир Дареғӣ, раиси Федератсияи армспорти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ғолибони мусобиқоти шаҳрӣ дар ҳайати тими мунтахаби Душанбе дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, ки аз 3 то 5 май дар пойтахти кишвар доир мешавад, ширкат мекунанд.

Силсилагузоришҳои "Қарни Тиллоии Варзиш"

Бахши аввал "Қарни Тиллоии Варзиш ва Тоҷикистон"
XS
SM
MD
LG