Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи муҳоҷири тоҷик дар ҷомадон


Хадамоти федеролии марзбонии Русия рӯзи шанбе хабар дод, ки як сокини 49-солаи Абхозистон саъй кардааст, то як шаҳрванди Тоҷикистонро дар дохили ҷомадонаш вориди қаламрави Русия кунад. Хабаргузории "Интерфакс" аз қавли маркази матбуоти хадамоти марзбонии Русия навиштааст, ки ин ҳодиса дар посгоҳи Адлер дар марзи Гурҷистону Русия ба вуқӯъ пайвастааст.
Хабаргузории "Кавказ Пресс" низ доир ба ин ҳодисаи ғайримуқаррарӣ гузориш додааст. Бино ба гуфтаи ҳар ду хабаргузорӣ, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро, ки зоҳиран пештар аз Русия хориҷ карда будаанд, иҷоза надодаанд вориди хоки Русия шавад ва ӯ ин роҳи ғайримуқариро барои расидан ба ин кишвар интихоб кардааст.
Дар робита ба ин ҳодиса бозҷӯии ҳар ду боздоштшуда идома дорад.
XS
SM
MD
LG