Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оромӣ дар Қандаҳор баъд аз набардҳои шадид


Бино ба гузоришҳо баъд аз даргирӣ дар вилояти Қандаҳори Афғонистон, ки 41 аъзои Толибон ва шаш корманди полисро кушта бар ҷой гузошт, вазъият дар ин минтақа ором шудааст. Хабаргузории Рейтерс аз қавли сокинони маҳал навишт, ки дар ин даргириҳои рӯзи ҷумъа чаҳор нафар ғайринизомӣ низ ҷон додаанд. Асадулло Холид волии Қандаҳор гуфт, ҷасади бархе аз аъзои Толибон на ҳамаи 41 нафар, ки ӯ дар бораашон хабар дода буд, ёфт шудаанд.
Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, нерӯҳои эътилофӣ ба ҳимояти қувваҳои Афғонистон омада, ба паноҳгоҳе, ки бовар меравад, аз они аъзои Толибон будааст, мушак андохтанд. Тибқи хабари дигар ҷунбиши Толибон масъулияти куштори ҳокими як ноҳияи вилояти Ҳилманд дар рӯзи гузаштаро бар ӯҳда гирифтааст.
XS
SM
MD
LG