Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Беҳтараш пиёда меравем"


Ин баҳсу ҷадал дар автобус ин рӯзҳо як иттифоқи нодире нест ва тақрибан дар ҳамаи васоили нақлияи шаҳрӣ метавон мусофиронеро дид, ки бо ошуфтагиву нороҳатӣ бар сари арзиши мусофираташон бо нозирон ё пулчинҳо ба мушоҷира мепардозанд. Асабонияти мусофирон комилан ошкор аст, зеро дигар қимати мусофират 10 ё 20 дирам на, балки 30 то 40 дирам аст. Пулчинҳо, ҳамин ки дучори як мусофири норозии дигар мешаванд, тасмими шаҳрдории Душанберо ба ӯ нишон медиҳанд ва пофишорӣ мекунанд, ки қимати ҷадид пардохт шавад.

Пулчин:
«Мусофирҳо баъзеаш бовар намекунанд, фикр мекунанд, ки мо аз пеши худамон нархи роҳкироро баланд кардаем. Барои ҳамин бо мо ҷангу ҷанҷол мекунанд. Баъд ҳамин эълонҳоро ба онҳо нишон медиҳем.»

ЭЪЛОН:
«Мусофирони мӯҳтарам! Мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти рақами 146 ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умумишаҳрӣ барои 1 мусофир аз 10 апрели соли равон 40 дирам ва барои троллейбусҳо 30 дирам муқаррар карда шуд.»


Вале ин эъломия дарди мусофиронро дармон намекунад, балки бар нороҳатии онҳо меафзояд. Барои мӯайян намудани сабабҳои ин мушкил мо бо Абдулло Абдулов, мудири шӯъбаи нақлиёти ҳукумати шаҳри Душанбе дар тамос шудем.

«Сабабҳояш бисёр, аммо иллатҳои аслии боло рафтани маблағи роҳкиро ин, дар бозори ҷаҳонӣ баланд рафтани нархи маҳсулоти нефтӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, резина ва дигар маводи барои нақлёти мусофирбар зарурӣ аст. Ҳамчунин хеле паст будани музди меҳнати коркунони соҳаи нақлиёт, ки маошашон ба ҳисоби миёна 49 сомонро ташкил мекунад. Яъне мо бояд кормандони ин соҳаро ҳавасманд кунем.»

Афзоиши роҳкирои автобус ва троллейбус, қабл аз ҳама донишҷӯёнро нигарон кардааст, зеро то имрӯз васоили нақлияи ҳамагонӣ танҳо воситаи ҳаракати камхарҷ барои донишҷӯёну ҷавонон ба шумор мерафт. Аммо акнун, ки маблағи роҳкирои автобусу троллейбус ҳам бо қимати роҳкирои минибусҳо баробар шудааст, аксари муҳассилин мегӯянд, маҷбуранд дигар, роҳи донишгоҳро пиёда тай кунанд.

Аммо бо вуҷуди боло бурдани қимати роҳкиро имрӯз ҳам мусофирон аз камбуди васоили нақлия ранҷ мебаранд. Ба гуфтаи Абдулло Абдулов, мудири шӯъбаи нақлиёти ҳукумати шаҳри Душанбе, ҳоли ҳозир пойтахт бо 60 дарсад васоили мусофирбари мавриди ниёзаш таъмин аст ва барои рафъи ин мушкил ба автобусу троллейбусҳои бештаре ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG