Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаштоду нӯҳ донишҷӯ ва 157 талабаи муҷозотшуда дар ду сол


Ин китоб дар ҳоле нашр шуд, ки гуфта мешавад, мизони табаҳкорӣ миёни навҷавонон афзоиш ёфтааст. Аммо Назир Азимов мегӯяд, қаблан пажӯҳишгарон ба ин масъала камтар таваҷҷӯҳ доштанд. Ӯ бо ҳадафи мусоидат ба коҳиш додани мизони табаҳкорӣ ва баланд бурдани сатҳи омодагии коршиносони ҷавон ин дастурро таҳия кардааст.

Дар ин китоб дар канори истифода аз қонуни кайфарй ё ҷиноии Тоҷикистон ва таҳлили бахшҳои марбут ба ҷурмҳои ноболиғон бо корбурди намунаҳо аз зиндагии воқеъӣ, барои амалӣ сохтани онҳо тавсияҳои мушаххас дода шудааст. Ба гуфтаи муаллиф, навҷавонон аз назари равонӣ нисбат ба муҷримони ҳирфаии бузургсол мутафовитанд ва аз ин рӯ, нисбат ба онҳо ҷазоҳои маҳрумият аз озодӣ ва ё дигар чораҳои сангин тавсия намешавад. Ӯ мисол меорад, ки дар вилояти Хатлон як донишомӯзи мактаби миёнаро танҳо барои он, ки дастгоҳи видеои ҳамсояашро тасодуфан дар натиҷаи афзоиши шиддати барқ вайрон кардааст, 2 сол аз озодӣ маҳрум кардаанд.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар як соли гузашта аз ҷониби навҷавонон наздик ба 2.000 ҷиноят содир шудааст. Худойназар Асозода, сухангӯйи ин вазорат мегӯяд, дар зарфи 2 соли ахир - 89 донишҷӯ ва 157 муҳассили мактабҳои ҳамагонӣ бо ҳукми додгоҳ муҷозот шудаанд.

Назир Азимов, муаллифи китоби «Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, ҷавобгарӣ ва ҷазодиҳии онҳо» мегӯяд, ҳарчанд дар муқоиса бо 10 соли пеш анвоъи ҷурмҳои навҷавонон то андозае сабуктар шудааст, аммо ин вазъ набояд ба ҷомеъа итминони хотир бидиҳад.

Назир Азимов дар китобаш тавсия додааст, ки танҳо бо баланд бурдани эҳсоси масъулияти волидон, аҳли ҷомеъа ва шахсони масъули ин ришта метавон монеъ аз афзоиши табаҳкорӣ дар миёни афроди ноболиғ шуд. Ӯ мегӯяд, танҳо роҳи коҳиши мизони ҷурму ҷинояткорӣ миёни навҷавонон рафъи шароит ва иллатҳои рӯ овардани навҷавонон ба он аст.
XS
SM
MD
LG