Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форуми рӯшанфикрони Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд дар Маскав


Имрӯз дар Маскав нахустин Форуми рӯшанфикрони эҷодкор ва кормандони илмии Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд дар давраи пас аз фурӯпошии шӯравӣ ифтитоҳ меёбад.
Дар ин нишаст 300 чеҳраи саршиноси илм, фарҳанг ва ҳунари кишварҳои узви ҷомеа, 250 намояндаи илму фарҳанги Русия ва 600 донишҷӯ аз бузургтарин донишгоҳҳо ширкат мекунанд. Ташкилкунандагони анҷуман гуфтаанд, ҳадаф доранд, масъалаҳои бунёди бозори мутамаддини хадамоти башарӣ ва имлиро дар қаламрави кишварҳои муштаракулманофеъ баррасӣ кунанд. Интизор меравад, форуми рӯшанфикрон хулоса ва пешниҳодҳои худро ба ҳукумат ва президентҳои Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд хоҳад фиристод. Ҳайъати Тоҷикистон дар ин нишаст аз даҳ нафар, ба ҷумлаи шоира Фарзона, наққош Сӯҳроби Қурбон, файласуф Мӯсо Диноршоев, нависанда Темур Зулфиқоров ва дигарон иборат аст.
XS
SM
MD
LG