Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин хостори маҳдудияти фаъолияти дингустарон шуд


Кумитаи дини Тоҷикистон тағйиротеро дар қонуни дини ин кишвар пешниҳод кардааст, ки бино бар он фарохони ошкори пайравони як дин ба дини дигар мамнӯъ аст. Муродалӣ Давлатов - раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар нишасти хабарии худ аз ин пешниҳоди тоза иттилоъ дод. Вай гуфт, чун дар қонуни феълии дин ин нукта вуҷуд надошт, намояндагони кешҳои мухталиф дар Тоҷикистон ба таври фаъол ба динпароканӣ пардохта буданд.

Оқои Давлатов афзуд, ки ҳадаф аз ин тасмим мамунӯъияти фарохони мазҳабӣ ба сурати умумӣ нест, зеро дар кишварҳои дигар ҳамин гуна даъватҳо аз сӯи мусалмонҳо ҳам сурат мегирад. Ба гуфтаи вай, ҳадафи Кумитаи дин ба танзим овардани ин масъала аст.

Тарҳи нави Қонуни дин се моҳ қабл аз ҷониби ҳамин кумита ва созмонҳои дигари динии Тоҷикистон баррасиӣ шуда буд ва қарор аст дар ояндаи наздик ин тарҳ ба порлумони кишвар арза шавад.
XS
SM
MD
LG