Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кондолиза Райс хостори посух ба иқдоми Эрон шуд


Вазири корҳои хориҷии Амрико Кондолиза Райс мегӯяд, эълони ахири Эрон қадаме ба нокуҷост ва посухи қавии ҷомеаи ҷаҳониро мехоҳад. Вай гуфт, ин посухро бояд Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид (СММ) бидиҳад: "Ман бар инам, ки Шӯрои амният дар ҷаласаи баъдиаш бидонад, ки фурсате барои гомҳои қавитар расидааст, то эътимод ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин мавзӯъ эҳё шавад."
Райс афзуд, кишвараш ба идомаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон роҳ нахоҳад дод. Дар ҳамин ҳол Дабири кулли СММ Кофӣ Аннон аз ҳукуматҳои ҷаҳон даъват кард, дар вокуниш ба эълони ғанисозии комёбонаи урониюм дар Эрон хештардорӣ кунанд. Вай афзуд, Эрон батакрор гуфтааст, барномаи ҳастаии он аҳдофи осоишта дорад ва биноан бояд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тазмин диҳад ва бо ҳамагон дар ёфтани ҳалли муносиби буҳрон ҳамкорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG