Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Финал ҷои кист?


Ин дуввумин дидори ҳарду даста дар ин мусобиқот аст. Маҳз баъди пирӯзӣ дар марҳалаи муқаддамотӣ бар тими Тоҷикистон бо натиҷаи 1 бар 0 футболбозони қирғиз умеди ба чаҳорякфинал баромаданро пайдо карданд. Шариф Назаров, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ки баъди ду ғалабаи паиҳам ( бар Макао: 4 бар 0 ва Покистон: 2 бар 0) ба роҳ ёфтани дастааш ба чаҳорякфинал сад дар сад бовар дошт, дар ин бозӣ ҳафт бозигари аслиро истироҳат дод. Ба ҷойи Наим Носиров, Субҳон Хоҷамов, Алексей Неъматов, Нӯъмон Ҳакимов, Одил Эргашев, Хуршед Маҳмудов ва Юсуф Рабиев бозигарон Фаррух Чориев, Искандар Нуриддинов, Шӯҳрат Ҷабборов, Рустам Хоҷаев, Маҳмадалӣ Содиқов, Рустам Табаров ва Комил Саидов ба майдон баромаданд. Дар яке аз ҳуҷумҳои тими Қирғизистон дар дақиқаи 22-юм Владимир Верёвкин ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон зарбаи сахт зад, тӯбро дарвозабон Аслиддин Ҳабибуллоев баргардонд, вале тӯби бозгаштаро Андрей Краснов бо зонуяш вориди дарвоза кард. Борис Подкоритов, сармураббии тими Қирғизистон пас аз анҷоми ин дидор гуфт: «Ҳариф ҳафт бозигари ҳайати асосиро ба хараки бозигарони эҳтиётӣ бинишонд ва мо кӯшиш кардем, ки чунин имкониятро аз даст надиҳем. Ин ғалаба ба мо шонс дод, ки ба пеш ҳаракат кунем. »

Пас аз пирӯзӣ дар чаҳорякфинал (Тоҷикистон бар Бангладеш бо натиҷаи 6 бар 1 ва Қирғизистон бар Фаластин бо ҳисоби 1 бар 0) ҳарду даста ба марҳалаи нимниҳоӣ роҳ ёфтанд. Ва акнун кӣ ба финал мебарояд? Дастаҳои миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон ду сол муқаддам дар мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2006 дар гурӯҳи шашум ду бозӣ анҷом додаанд: ҳарду дидор ҳам дар Бишкек ва ҳам дар Душанбе бо ғалабаи футболбозони тоҷик бо ҳисоби якхелаи 2 бар 1 ба поён расидааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги FIFA дар зинаи 141-ум ва тими Қирғизистон 18 зина поинтар -- дар ҷойи 159-ум қарор доранд.

Бозии аввали нимниҳоӣ миёни дастаҳои Непал ва Шри-Ланка бегоҳи чаҳоршанбеи 12 апрел дар варзишгоҳи «МА Азиз»-и шаҳри Читтагонг баргузор мешавад. То оғози мусобиқот касе ин ду дастаро муддаии Ҷоми даъвати AFC намеҳисобид, вале, ғайричашмдошт ҳарду ба нимфинал баромаданд ва яке аз онҳо дар бозии ниҳоӣ ширкат хоҳад кард. Бозӣ байни Непал ва Шри-Ланка дар рақобатҳои гурӯҳии Ҷоми AFC бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфтааст. Ва, умуман, ҳарду байни худ ҳамагӣ ҳашт бор рақобат кардаанд: чаҳор дидор бо ғалабаи Шри-Ланка ва ду бозӣ ба фоидаи Непал анҷом ёфта, ду қувваозмоӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расидааст.

Мураббиёни ҳарду даста дар сӯҳбатҳои матбуотии худ бозии нимниҳоиро хеле муҳим медонанд. Шиама Тапа, мураббии тими Непал дар сомонаи интернетии AFC гуфтааст: « Фазои ахлоқӣ дар дастаамон баъди бозии муваффақона дар чаҳорякфинал бо тими Ҳиндустон (3 бар 0) хеле мустаҳкам шуд. Ба андешаам ҳарифамон - Шри-Ланка дар шароити гарми ҳаво таҷрибаи бойи бозӣ дорад, бозигаронаш аз ҷиҳати ҷисмонӣ нисбатан пурқувватанд. Мо ҳеҷ чиз бой намедиҳем ва роҳ ёфтан ба финал воқеаи бузурге дар таърихи футболи Непал хоҳад шуд. Бинобар ин шонси якдигарро панҷоҳ бар панҷоҳ меҳисобам » .

Сампат Перера, мураббии тими Шри-Ланка чунин иброз доштааст:
« Дар марҳалаи муқаддамотӣ мо мусовӣ бозӣ кардем: 1 бар 1. Ба назарам, бозии нимниҳоӣ барои ҳарду даста дидори оддӣ намешавад. »

Дар рейтинги FIFA тими Шри-Ланка дар зинаи 145-ум ва дастаи Непал 30 зина поинтар -- дар мақоми 175-ум қарор доранд. Мувофиқи як назарсанҷии сомонаи интернетии AFC шонси бештари пирӯзӣ дар Ҷоми даъвати Конфедератсиони футболи Осиёро тими Непал доштааст. Ба ғалабаи ин даста 45,95 %-и раъйдиҳандагон итминон доштаанд. Ба Тоҷикистон 32,43 %, Қирғизистон- 17,84 % ва Шри-Ланка - 3,78 % раъй додаанд.
XS
SM
MD
LG