Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргбор ба як мактаби Афғонистон


Дар пайи исобати як мушак ба мактабе дар вилояти Кунари Афғонистон шаш тифл ба ҳалокат расида ва чандин тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора Ҳасан Фараҳӣ - муовини раиси идораи пулиси шаҳри Асадобод хабар дода гуфтааст, ки ин ҳамла дар хориҷ аз ин шаҳр ба вуқӯъ пайвастааст.
Ва дар ҳамин ҳол низомиёни амрикоӣ гуфтанд, ки мубориза барои хотима додан ба ҳамлаҳои Толибон дар Афғонистон мушкилтар мешавад. Як сухангӯи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон дирӯз гуфт, нерӯҳои боқимондаи ҷунбиши Толибон ҳамлаҳо дар Афғонистонро афзоиш ва шеваҳои муқовимати худро тағйир додаанд ва мехоҳанд бо ин роҳ дар миёни мардум тарсу ваҳшат андозанд.
Вай афзудааст, акнун ин нерӯҳо ҳарчӣ бештар дар роҳҳо бомбгузорӣ мекунанд ва бомбгузориҳои интиҳорӣ анҷом медиҳанд. Рӯзи душанбе дар вилояти Ҳилманд ҳангоми амалиёти кормандони пулис барои кашфи киштзорҳои бомбе таркида ду нафари онҳоро куштааст ва ду тани дигарро маҷрӯҳ кард.
XS
SM
MD
LG