Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раёсати ҲДТ дар Душанбе ҷиноҳи "Ватан"-ро қабул накард


Раёсати Ҳизби демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар як ҷаласаи худ таъсиси ҷиноҳи «Ватан»-ро дар дохили ҲДТ ғайримутобиқ ба муқаррароти оинномавии ҳизб донистааст. Раҷаби Мирзо, сухангӯи ҲДТ ба сомонаи интернетии радиои Озодӣ гуфт, мувофиқи муқаррароти оинномаи Ҳизби демократии Тоҷикистон, ҷиноҳе дар ҳизб дар сурате таъсис мешавад, ки аз барномаи он ҳадди ақал даҳ дар сади аъзои ҳизб ҷонибдорӣ намоянд. Вале, гуфт Раҷаби Мирзо: «Нафароне, ки талоши таъсиси ҷиноҳи «Ватан»-ро карданд, ҳамагӣ 20 нафаранд ва баъдтар маълум гардид, ки ҳатто бархе аз онҳо узви Ҳизби демократи Тоҷикистон низ нестанд. Аз ин рӯ, таъсиси чунин як ҷиноҳ дар ҲДТ аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба муқаррароти оинномаи ҳизб посух намегӯяд.»
Масъуд Собиров, як узви раёсати ҲДТ дар Душанбе ва сарвари ҷиноҳи тозатаъсис ахиран бо баргузории як анҷумане ҳамроҳи теъдоде аз аъзои Ҳизби демократ аз таъсиси ҷиноҳи «Ватан» эълом дошта буд. Ӯ гуфта буд, ҳадаф аз таъсиси ҷиноҳ фаъол сохтани кори ҳизб мебошад, ки бино бар гуфтаи ҷаноби Собиров, фаъолияти ҲДТ дар чанд соли ахир ғайримуассир буда ва суфуфи он коҳидаву ҳузури ҳизб дар ҷомеаи кишвар заиф шудааст. Масъуд Собиров ба www.ozodi.org гуфт: "Ман фикр намекунам, ки аъзои ҲДТ дар ҷамъулҷамъ дусад нафарро ташкил бикунанд, аз ин рӯ, бист нафаре, ки зери ин изҳорот имзо гузоштаанд, ин аз даҳ дар сад ҳам зиёд аст».
Аммо Раҷаби Мирзо мегӯяд, шумори аъзои ҲДТ чизе бештар аз 4,500 нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG