Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Тазкират-уш-шуарои Бадахшон»


Дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон «Тазкираи адибони Бадахшон» нашр шуд. "Тазкират-уш-шуарои Бадахшон", мурурест, бар адабиёти чаҳорсад соли ахири Боми Ҷаҳон. Дар Тазкираи адибони Бадахшон намунаҳои эҷоди нозиму носирони Помир, ки дар асрҳои 17 ва 20 ба сар бурдаанд, бо пешгуфтор ва шарҳи ҳоли эшон гирдоварӣ ва нашр шудаанд.

Қурбони Аламшоҳ, журналист ва адиби бадахшӣ мегӯяд, дар тӯли 20 соли ахир ин ягона тазкираи мукаммал аст, ки бахши аъзами удабои ин сарзаминро шурӯъ аз Зиёии Бадахшӣ, Муллоёри Ванҷиву Мирзо Лиқо то ба Мирсаид Миршаккару Мӯъмин Қаноат, Салимшоҳи Ҳалимшоҳ, Атои Мирхоҷа фароҳам гирд овардааст:

«Ҳамингуна китоби мукаммал барои нахустин бор дар Тоҷикистон нашр гардид, ки ба он аксарияти адибони Бадахшон шомил шудаанд. Ҳавзаи адабии Бадахшон хеле васеъ бошад ҳам, вале барои бори аввал дар таърихи 20 ё 30 соли ахир чунин таваҷҷӯҳ ба адабиёти Бадахшон зоҳир шуд.»

"Тазкират-уш-шуарои Бадахшон" ҳамзамон шеъру ҳикоёти адибони муосирро, ки зодаи Боми Ҷаҳон будаву алъон дар дигар вилоёти кишвар ба сар мебаранд, дар таркиби худ ҷой додааст. Мураттибони тазкира - Лаълҷӯбаи Мирзоҳасан ва Алидоди Чароғабдол ба китоб осори адибони русу қиғизтабори бадахширо низ роҳ додаанд. Аз ҷониби дигар, дар миёни шуарои Бадахшон гуфтани шеър бо шаш забони қадимаи форсии помирӣ роиҷ аст. Мунаққидон мегӯянд, тақрибан тамомии шуарои ин сарзамин бо забонҳои помирӣ шеър гуфтаанд. Бар тибқи иттилоъи Қурбони Аламшоҳ, пас аз нашри Тазкираи ахирӣ гирдоварӣ ва рӯи кор овардани ашъори бо забони помирӣ сурудаи адибони Боми Ҷаҳон талаби замон аст.

Бар тибқи иттилоъи тазкиранависон, ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ, ки шӯҳрати вежае дар миёни сокинони Бадахшон дошт, ва мухлисини калому пайравони афкори ӯ дар Боми Ҷаҳон зиёд будӣ ва ташрифи ахирӣ дар асри 11- и милодӣ ба дараи Юмгон теъдоди шуарову удаборо дар ин сарзамин ба карат афзун кард. Дар осори мунаққидини саршиносе ҳамчун Давлатшоҳи Самарқандӣ, Шерхони Лудӣ, Волаи Доғистонӣ, Ризоқулихони Ҳидоят, дар асарҳои гаронарзише чун «Тазкиратуушуро», «Маҷолис- ун -нафоис», «тазкираи Мутрибӣ», «Бадоеъ ул вақоеъ» роҷеъ ба зиндагинома ва осори гаронбаҳои удабои Бадахшон қисса кардаанд, ки далели соҳиби рутбаву дараҷаи баланд будани удабои ин мавзеъ дар таърихи адабиёти форсии тоҷикист.
XS
SM
MD
LG