Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ куштаи як садамаи автомобилӣ


Як садамаи автомобилӣ дар ноҳияи Қумсангир, дар ҷануби Тоҷикистон панҷ куштаро ба ҷо гузоштааст. Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба сомонаи интернетии радиои Озодӣ хабар дод, дар километри 65-уми роҳи Панҷ - Қумсангир мошини тамғаи ВАЗ 21-06 бо мошини тамғаи ВАЗ 21-10 бармехӯрад, ва дар натиҷа, ронандаҳои ҳар ду мошин ва се мусофири мошини тамғаи 21-10 дар ҷои ҳодиса ҷони худро аз даст медиҳанд. Як мусофирзани дигар ҷароҳат бардошта ва ба маризхона мунтақил шудааст. Бино бар омори БДА, шурӯъ аз оғози сол дар Тоҷикистон 312 садамаи автомобилӣ рух дода, ки ҷони 83 нафарро рабудаву 356 нафари дигарро маҷрӯҳ сохтааст.
XS
SM
MD
LG