Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомид Карзай дар Ҳиндустон


Имруз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон барои музокира бо Манмуҳон Сингҳ-нахуствазири Ҳинд бо мақомоти дигари ин кишвараш вориди Деҳлӣ шуд. Дар ин музокирот масъалаи тавсеъаи ҳамкориҳо ва амнияти минтақа баррасӣ мешавад. Мақомоти расмии Ҳиндустон Покистонро барои ҳимоят аз тундравҳои исломӣ дар аёлати Кашмири Ҳиндустон муттаҳам мекунанд. Афғонистон низ аз Покистон интиқод мекунад, ки ба шуришиёни ҷунбиши Толибон кумак мерасонад. Аммо ҳукумати Покистон ин ду идаъоро қабул надорад. Дар сафари Ҳиндустон Ҳомид Карзайро даҳ вазир ва мушовирону тоҷирон ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳиндустон дар бозсозии Афғонистон, ба вижа дар бозсозии макотибу шифохонаҳо, роҳҳо ва бинои порламон нақши басазо дорад. Ҳиндустон барои бозсозии Афғонистон 650 милён доллар ваъда кардааст.
XS
SM
MD
LG