Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими савганди Аляксандр Лукашенко


8-уми апрел дар маросиме дар шаҳри Минск-пойтахти Белорус ба таври расмӣ севвумин давраи раёсати ҷумҳурии Александр Лукашенко оғоз шуд. Вай дар интихоботи 12-уми март ба таври мармуз пирузӣ ба даст овард. Дар маросими вижае ба муносибати оғози давраи нави раёсати ҷумҳурии оқои Лукашенко дар Минск паради низомӣ ва консертҳо баргузор шуд. Лукашенко аз 12 сол ба ин су дар Белорус дар сари қудрат қарор дорад. Кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо гуфтаанд, ки Александр Лукашенкоро раиси ҷумҳури Белорус намешиносанд, зеро дар натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба тақаллуб роҳ дода шудааст.
XS
SM
MD
LG