Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд ба журналисти булғор


Бомбаи яккилоӣ, ки дар зери дари манзили ӯ гузошта буданд, дар соати сеи шаб мунфаҷир гашт. Бар асари он дару девори ин хона ва ҷиҳзои он тахриб шуданд. Таркиши бомба ҳамчунин лифт ва зинаҳои панзилро, ки дар табақаи чорум буд, вайрон кард. Сомонаи интернетии журналистони булғор ба номи Медиапул хабар дод, таркиш замоне ба амал омад, ки Иванов дар як пажӯҳиши ҷиддӣ қонуншинканиҳои зидди маҳбусонро дар зиндони марказии София фош намуд. Вай дар барномаи телевизионии "Мавзӯъи имрӯз" инчунин нишон дод, ки низоми додгустарӣ ва кайфарии Булғористон ба умқи фасоду ришват фурӯ рафтааст. Дар гузориш гуфта мешавад, маҳбусон бо шиканҷа, таҳқир ва зӯроварии ҷинсӣ ва наздикони онҳо ба фишорҳои ришваситонӣ рӯбарӯянд. Бархе аз саҳнаҳоро Иванов бо дурбини пинҳонӣ наворбардорӣ кард.
Дафъатан баъд аз ин намоиш ба Васил Иванов чандин бор занг зада таҳдид кардаанд. Биноан вай аз рӯи эҳтиёт бо модараш дар ҷойи дигар мезист ва аз таркиш зарар надид.
Вазири корҳои дохилии Булғористон Румен Петков ваъда кард, ки ин таркиш бо тамоми нозукӣ ва паёмадҳояш таҳқиқ хоҳад шуд. Кумитаи дифоъ аз журналистон дар номае ба мақомоти Булғористон аз онҳо хост, ҳамла ба Васил Иванов ҷиддан таҳқиқ шуда, фармоишгарон ва омилони он ба ҷазо кашида шаванд.
XS
SM
MD
LG