Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми истиқлолро кӣ мебарад?


Дастаҳои футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Равшан»-и Кӯлоб, «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва CSKA-и Душанбе ба давраи нимниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми истиқлоли Тоҷикистон роҳ ёфтанд. Дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ «Вахш» дар варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон бар тими «Ориёно»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 0 ғолиб омад. «Равшан» дар варзишгоҳи ноҳияи Ҳисор бар СКА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 0 ғалаба кард. Ду бозии дигари чаҳорякниҳоӣ дар варзишгоҳи ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд. «Регар» ТадАЗ тими «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо натиҷаи 3 бар 1 ва CSKA дастаи «Гумрук»-и Душанберо бо натиҷаи 4 бар 1 шикаст доданд. Ба ин тартиб, дар бозиҳои нимниҳоӣ рӯзи шанбеи 8 апрел дар варзишгоҳи ноҳияи Шаҳринав, панҷоҳкилометрии ғарби Душанбе «Вахш» бо «Регар» ТадАЗ ва «Равшан» бо CSKA рақобат мекунанд.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG