Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои нав ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия


Гурӯҳи пӯстсар ва ё скинҳедҳои рус имрӯз як марди тоҷикро дар шаҳри Красноярск ҳадафи ҳамла қарор дода, шадидан захмӣ кардааст. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, 20 нафари мусаллаҳ бо калтак ва занҷирҳои оҳанӣ ба қаҳвахонае ҳамла кард, ки ошпази он як шаҳрванди Тоҷикистон буд. Сартарошидаҳо ӯро аз қаҳвахона берун оварданд ва дар пеши назари мардум то расидани намояндагони милиса латукӯб карданд. Вале милисаи Красноярск мегӯяд, касеро надида ва ё боздошт накардааст. Шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло дар бемористон аст ва пизишкон мегӯянд, зери хатари ҷиддист. Ҳамингуна дар Маскав, дар кӯчаи сеюми Институтӣ чанд ҷавони рус бо нидоҳои Зинда бод Ҳитлар ду шаҳрванди Тоҷикистонро ҳадафи мушту лагад ва калтакҳои оҳанӣ қарор доданд. Хабаргузориҳо мегӯянд, шаҳрвандони Тоҷикистон аз муроҷиат ба милиса худдорӣ кардаанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, танҳо дар 3 моҳи соли равон дар Русия бар асари ҳамлаҳои нажодпарастона шаш нафар кушта ва 80 нафар захмӣ шудааст. Теодорос Пангалос, Гузоришгари Маҷмаъи порлумонии Шӯрои Аврупо имрӯз аз қонунгузорони Русия даъват кард, қонунҳои ҷазо барои ҷиноятҳои бегонаситезиро тақвият диҳанд.
XS
SM
MD
LG