Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми даври дуввуми Ҷоми даъвати AFC


Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳҳо чунин аст:

Гурӯҳи «А»:

1. Ҳиндустон (4 имтиёз). 2. Тайван (4). 3. Филиппин (1). 4. Афғонистон (1).

Дар ин гурӯҳ, соҳибони ду роҳхат ба давраи дуввум пас аз натиҷагирии бозиҳои рӯзи 5 апрел миёни дастаҳои Ҳиндустон - Тайван ва Филиппин -- Афғонистон муайян хоҳанд шуд.

Гурӯҳи «В»:

1. Шри-Ланка (6). 2. Непал (3). 3. Бруней (3). 4. Бутан (0).

Дар ин гурӯҳ Шри-Ланка ба чаҳорякфинал баромад. Непал ва Бруней барои роҳхати дуввум талош доранд. Рӯзи 6 апрел Шри-Ланка бо Непал ва Бутан бо Бруней зӯрозмоӣ мекунанд.

Гурӯҳи «С»:

1. Фаластин (6). 2. Бангладеш (6). 3. Камбоҷа (0). 4. Гуам (0).

Фаластин ва Бангладеш, ки ба давраи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтаанд, рӯзи 5 апрел байни худ барои ғолибият дар гурӯҳ рақобат мекунанд. Бозии дигар миёни Камбоҷа ва Гуам баргузор мешавад.


Гурӯҳи «D»:

1. Тоҷикистон (6). 2. Покистон (3). 3. Қирғизистон (0). 4. Макао (0).

Тоҷикистон ба чаҳорякфинал баромад. Се дастаи дигар муборизаро барои дарёфти роҳхати дуввум идома медиҳанд. Тимҳои Қирғизистон ва Макао танҳо як бозӣ анҷом додаанд. Дидори ҳарду рӯзи 4 апрел дар варзишгоҳи «Бангабанду»-и шаҳри Дакка дар дақиқаи 31-ум бар асари боришоти шадид қатъ шуд. Сардовар майдонро барои идомаи бозӣ ғайри қобили истифода ҳисобид. Ҳарчанд ҳисоб то лаҳзаи қатъ ёфтани дидор 1 бар 0 ба фоидаи дастаи Қирғизистон буд, бозӣ аз нав рӯзи 7 апрел баргузор мешавад.Қабл аз ин дидор, тими Қирғизистон рӯзи шашуми апрел бо дастаи Тоҷикистон рақобат мекунад.
XS
SM
MD
LG