Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Ироқ кай ташкил мешавад?


Аз понздаҳуми декабри соли гузашта, яъне аз рӯзи баргузории интихоботи Ироқ то ҳол ҳизбҳои аслии ин кишвар дар музокироти худ наметавонанд роҷеъ ба аъзои ҷадиди кобина ба тавофуқ бирасанд. Ба ин тартиб, ташкили ҳукумати ҷадид дубора ба Иброҳим Ал-Ҷаъфарӣ-нахуствазири кунунӣ вогузор шудааст. Аммо Амрико ва Бритониё бар ин нукта ишора кардаанд, ки Ҷаъфарӣ дар ташкили ҳукумат ба саҳлангорӣ роҳ додааст. Ҳизбҳои сиёсии курдӣ ва суннӣ ҳам аз Иброҳим Ал-Ҷаъфарӣ розӣ нестанд ва тақозо кардаанд, ки вай аз мақомаш истеъфо диҳад. Бо назардошти чунин вазъ Кондолиза Райс-вазири хориҷаи Амрико мегӯяд, ҳоло барои ташкили ҳукумати ҷадид вақт кам мондааст ва мумкин аст дар мӯҳлати пешбинишуда ин нируҳо муваффақ ба ташкили ҳукумати ҷадид нашаванд:

Ҳоло вақти он расидааст, ки барои аъзои ҷадиди ҳукумат нируҳо ба тавофуқ бирасанд, зеро мардуми Ироқ сарфи назар аз таҳдиди террористҳо пои сандуқҳои райъ рафтанд ва ҳоло бо истифода аз ҳаққи худ тақозо мекунанд, ки ҳукумати нав дошта бошанд.

Ҷак Строу-вазири хориҷаи Бритониё дар муқоиса бо ҳамтои амрикоии худ қадаме пештар гузошт ва гуфт, на танҳо мардуми Ироқ, балки Вошингтон ва Лондон низ ҳақ доранд бигуянд, ки ин ҳукумат бояд зудтар ташкил шавад:

Амрикоиҳо дар Ироқ беш аз 2 ҳазор нафарро аз даст доданд, мо бритонтёиҳо беш аз сад нафарро. Ҳоло тақрибан 140 ҳазор нируи хориҷӣ барои ҳифзи сулҳ ба Ироқ кумак мекунанд. Амрико миллиардҳо доллар ва Бритониё садҳо милён фунт стерлинг барои Ироқ масраф кардаанд. Ба ҳамин далел, ба назари ман, мо ҳақ дорем бигӯем, ки бо оқои фалонӣ ё оқои беҳмадонӣ метавонем бисозем, масалан бо нахуствазири ҷадиди Ироқ. Вале ҳоло касе нест ва бо шахси набуда чӣ тавр бояд ба тавофуқ бирасем?

Ҳафтаҳои гузашта ҳизбҳои курдӣ ва суннӣ аз нируҳои шиъа, ки аксариятро ташкил мекунанд, дархост карданд, ки онҳо аз номзадии Иброҳим Ал-Ҷаъфарӣ барои ташкили ҳукумати ҷадид даст бардоранд. Залмай Халилзод-сафири Амрико дар Ироқ низ аз ин даъват ҷонибдорӣ кард. Аммо оқои Ҷаъфарӣ дар посух ба ин тақозоҳо гуфт, ки вай дар мақоми худ боқӣ мемонад ва ба баъзе ҷонибдоронаш дар кобинаи ҷадид мақомҳои муҳим медиҳад. Аз суи дигар, вай аз Залмай Халилзод-сафири Амрико дар Ироқ тақозо кард, ки аз мақоми худ истеъфо диҳад. Ҳоло баъзе ҳизбҳои шиъа низ тақозо доранд, ки оқои Ҷаъфарӣ бояд ба истеъфо равад. Ҷалоли Талабонӣ - раиси ҷумҳури Ироқ ва раҳбари курдҳо низ аз оқои Ҷаъфарӣ чандон розӣ нест. Курдҳо мехоҳанд шахси наве маснади нахуствазириро дар Ироқ бигирад ва шахсиятҳои дигарро вориди ҳукумати нав кунад, то ба ин тартиб нобасомониҳои ахир дар Ироқ хотима ёбад.
XS
SM
MD
LG