Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мо соҳиб дорем ё надорем?"


Абдусалом Абдураҳмонов, як муҳоҷири тоҷик, сокини ноҳияи Рашт, ки баъди 3 соли муҳоҷират аз Маскав баргаштааст, мегӯяд, ҳарчанд кормандони қатора ҳангоми бозгашт, барои хидматрасонии беҳтаре, аз ӯ пули иловагӣ гирифтаанд, аммо вай 4 рӯзи сафарро дар шароити ниҳоят душвори қатора паси сар карда, ба Душанбе расидааст.Вай мегӯяд вазъи дохил ва зоҳири харобу ғайрисанитарии қатораи Душанбе--Маскав, ё Қӯрғонтеппа--Самара, ҳамеша мавриди мазаммат ва тамасхури мардумони дигари сокини Русия мегардад. Ба гуфтаи Абдусалом,яке аз сабабҳои беқадриву азобу ранҷи муҳоҷирони тоҷик нисбат ба муҳоҷирони кишварҳои дигар, ҳамин низ гаштааст: "Ҳоло кишварамон ва давлатамон хело пеш рафтааст, магар ҳукумат наметавонад, вазъи роҳи оҳанро каме беҳтар кунад. Вақте қатораҳои ифлосу хароби мо ба Русия мераванд, дигарон онҳоро дида ба ҳоли мо механданд. Моро ҳурмат намекунанд, мо, тоҷикон, қадр надорем."

Мусоҳиби мо ҳамчунин афзуд, ҳуқуқи муҳоҷирони кори тоҷик ҳангоми рафтуомад ва будубошашон дар Русия билкул ҳимоят намешавад. Вай мегӯяд, ӯву ҳамдиёронаш, ҳангоми бозгашт, бар замми шароити сахту носозгори қатора, ҳамчунин чандин мушкилоти тоқатфарсои убури марзи Қазоқистону Ӯзбакистонро низ, таҳаммул кардааст: "Бе ягон сабаб моро аз қатора мефароранд, латукӯб мекунанд, пулҳоямонро мегиранд. Мо умуман соҳиб надорем."
Аммо Рустам Азимов, корманди Корхонаи воҳиди мусофирбари роҳи оҳани Тоҷикистон, мегӯяд, бо талошҳои роҳбарияти корхонаи мазбур, тайи солҳои охир, шароит дар қатораҳои Тоҷикистон--Русия беҳтар шудааст: "Воқеан 4-5 сол пеш вазъи қатораҳои мо бисёр бад буд, ҳоло хеле хуб шудааст. Инро мусофирон худашон ҳангоми сӯҳбат ба мо кормандони хадамоти роҳи оҳан мегӯянд."

Мусоҳиби дигари мо Нигина Эргашева, сокини шаҳри Душанбе, 4 рӯз пеш аз Русия баргаштааст. Вай мегӯяд дар тиҷорати мӯҳра 5000 долларашро, ки қарз гирифта буд, аз даст дода, маҷбур шудааст, ки роҳи Русияро пеш гирад, то пул кор карда, қарзашро баргардонад. Нигина зимни ёдоварӣ аз мусофираташ дар Русия мегӯяд, вай маҳз ба хотири дучор нашудан ба мушкилоти сафари чаҳорӯзаи қатораи Душанбе--Маскав, ки аз қиссаашро аз забони муҳоҷирони зиёд шунидааст, 400 доллари амрикоӣ қарз гирифта, тавассути ҳавопаймо ба Русия парвоз кардааст, аммо бехабар аз он ки чӣ мушкилоте ӯро баробари фуруд омадан ба хоки ин сарзамини дар таърихи начандон дур, ватани ягонаи тоҷикон ва мардумони дигари минтақаи Осиёи Мараказӣ, ӯро чӣ мунтазир аст: "Дар ҳар сари қадам милисаҳо моро,ки аз ранги пӯстамон мешиносанд, ҳатто кормандони хадамоти роҳ аз мо пул талаб мекунанд. Намедонӣ чор тангаи кор кардаатро барои ҷойи хоб диҳӣ, ба милиса диҳӣ ё барои сабти ном. Хулоса бисёр шароити муҳоҷирони мо мушкил аст дар Русия."

Бино ба гуфти муҳоҷирони тоҷик, ҳангоми рафтуомад, онҳо борҳо шоҳиди чунин ҳодисаҳо шудаанд, ки муҳоҷирони тоҷикро намояндагони мақомоти интизомии Қазоқистон ва Ӯзбакистон бе ҳеҷ як баҳона аз қатора фароварда, кофтукоб мекунанд, пулҳояшонро мегиранд ва ҳафтаҳо дар ҷойҳое, ки ҳеҷ як шароит барои будубош мавҷуд нест, нигоҳ медоранд.
XS
SM
MD
LG